Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархе аз "буҷавиҳо"-и Туркманистон ҳатто маоши моҳи августро нагирифтаанд


Кормандони муассисаҳои давлатии шаҳри Ишқобод ва вилояти Марӣ то ҳол маоши моҳи сентябрро дарёфт накардаанд. Бархе аз кормандони буҷавии вилояти Лебапи ин кишвар мегӯянд, ҳанӯз ҳам маоши моҳи августро нагирифтаанд.

"Дар Ишқобод омӯзгорони мактабҳои миёна, кормандони хоҷагии коммуналӣ, Вазорати кишоварзӣ ва идораҳои зертобеи он то ҳол натавонистаанд маоши моҳи сентябрро бигиранд", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ бо истинод ба чандин корманди буҷавӣ дар пойтахти Туркманистон.

Ба гуфтаи хабарнигор, дар вилояти Марӣ низ буҷавиҳо маоиши худро наметавонанд бигиранд. "Ба омӯзгорони мактабҳои миёна ва мураббиҳои боғчаҳои навоҳии Марӣ то ҳол маоши моҳи сентябрро надодаанд. Ҳамчунин кормандони ширкати Туркмангаз низ маош нагирифтаанд", - иттилоъ дод хабарнигор 22 октябр.

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар вилояти Лебап мегӯяд, баъзе аз корхонаҳои давлатии ин вилоят ҳатто маоши моҳи августи кормандони худро пардохт накардаанд. Дар ин вилоят асосан омӯзгорон ва кормандони Корхонаи кимиёии Туркманобод аз нагирифтани маоши худ шикоят доранд.

XS
SM
MD
LG