Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайдо шудани ҷасади 39 нафар дар мошини боркаш дар Бритониё


Полиси Бритониё дар Wales мошини боркашеро ёфт, ки дар он 39 ҷасад буд. Гумон меравад, ин мошин аз Булғористон омадааст.

Полиси Бритониё рӯзи 23-юми октябр гуфт, марди 25-солае аз шимоли Ирландия, ки ронандаи мошин буд, ба гумони куштор дастгир карда шуд. Дар мошин ҷасади 38 калонсол ва як наврас дар парки саноатии Waterglade, 32 километр дуртар аз Лондон пайдо шудааст.

Эндрю Маринер, раиси полис ба хабарнигорон гуфт: “Ин як фоҷиа аст, ки одамони бисёре ҷон додаанд. Ҷустуҷӯи мо барои рӯшан кардани воқеа давом дорад.”

"Мо боварӣ дорем, ки ин мошин аз Булғористон буда, рӯзи шанбеи 19-уми октябр ба Holyhead даромадааст ва мову ҳамкоронамон дар пажуҳиши воқеа даст ба кор мебошем", -- афзуд ӯ.

Holyhead шаҳрест дар соҳили Бритониё, ки дар тақрибан 130-километрии ғарби Ливерпул ҷойгир аст. Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон гуфт, вай "аз ин ҳодисаи фоҷиабор ба ташвиш омадааст".

"Ман хабарҳои навро дарёфт мекунам ва вазорати корҳои дохилӣ бо полиси Эссекс ҳамкории зич доранд, то аниқ кунем, ки чӣ ҳодиса рух додааст. Андешаҳои ман бо ҳамаи онҳоест, ки ҷон додаанд ва наздикони худро аз даст доданд", -- навиштааст вай дар Твиттер.

XS
SM
MD
LG