Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халилзод дар Брюссел сулҳи Афғонистонро баррасӣ кард


Созмони Миллали Муттаҳид, Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва чанде дигар аз кишварҳои ғарбӣ гуфтанд, ба аҳдашон барои расиданд ба "созиши сулҳи пойдор" ва хотима додан ба ҷанг дар Афғонистон содиқанд.

Баёнияе бо чунин мазмун баъди мулоқоти Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон рӯзи 22-уми октябр ва баъди мулоқоти ӯ бо дипломатҳои Бритониё, Фаронса, Олмон, Итолиё, Норвегия, Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони Милал дар шаҳри Брюссел нашр шуд.

Залмай Халилзод бо сафари дурӯза дар Белгия қарор дорад. Дар баёния омадааст, ки тарафҳои мазкур моил ба кор бо ҳукумати Афғонистон, Толибон, раҳбарони сиёсӣ дар ин кишвар ҳастанд, то "созиши фарогир ва пойдори сулҳ” ҳосил шавад.

Муаллифони баёния раъйдиҳандагони афғонро ситоиш кардаанд, ки бо вуҷуди "мушкилоти фаннӣ ва таҳдидҳои амниятӣ" дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 28-уми сентябр ширкат варзиданд. Дар баёния аз тамоми тарафҳои муноқиша дар Афғонистон хоста шудааст, ки то замони музокироти қарибулвуқуи байнулафғонӣ аз ҷангу хунрезӣ даст бикашанд, то "нақшаи сиёсии роҳи Афғонистон барои оянда" ба даст биёяд.

Ҳамчунин аз Толибон ва дигар гурӯҳҳои Афғонистон талаб кардаанд, ки иҷоза надиҳанд, то кишвар ба "паноҳгоҳи Ал-Қоида ва дигар гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ табдил ёбад" ва Толибон ҳам бояд чунин гурӯҳҳоро дастгирӣ накунанд ва иртибот бо онҳоро қатъ намоянд.

XS
SM
MD
LG