Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ҷамъшавии мошинҳоро дар марз бо Қазоқистон "нуқси техникӣ" хонд


Давоми се рӯзи охир дар гузаргоҳи марзии "Таҷен"-и вилояти Мангистауи Қазоқистон, ки дар марз бо ноҳияи Кунгради Узбекистон воқеъ аст, ба далели нуқси техникӣ мошини зиёде ҷамъ шудааст.

Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба Хадамоти гумруки Узбекистон иттилоъ доданд.

Хадамоти марзбонӣ ба ронандагон тавсия додааст, ки аз гузаргоҳҳои дигар истифода кунанд.

"Умедворем, ҳамкорони қазоқистонӣ дар фурсатҳои наздик ин мушкилиро бартараф хоҳанд кард",-омадааст дар хабари Хадамоти гумруки Узбекистон.

Пештар хабар расида буд, ки дар гузаргоҳи мазкур наздики 40 мошини борбар ҷамъ шуда, барои убур навбат мепоянд.

XS
SM
MD
LG