Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қундуз 15 афсари полис аз дасти Толибон кушта шуданд


шаҳри Қундуз
шаҳри Қундуз

Дар задухӯрдҳое дар вилояти шимолии Қундузи Афғонистон рӯзи 22 октябр 14 афсари полис кушта шуданд. Ғулом Раббонӣ, узви шӯрои маҳаллӣ гуфт, ки афсарони полис дар задухӯрд бо ҷангандаҳони Толибон дар посгоҳи ноҳияи Алиобод кушта шуданд ва дар пай Толибон ба нирӯҳои амниятӣ ҳамла карданд. Як сухангӯи Толибон тасдиқ кард, ки ин ҳамла кори дасти онҳо буд. Ин ҳодиса дар ҳоле сурат мегирад, ки ба қавли Раббонӣ, гурӯҳҳои шӯришӣ давоми чанд ҳафтаи гузашта дар ноҳияҳои Дашти Арчӣ ва Имом Соҳиб фаъол мебошанд. Ҳоло Толибон чандин ноҳияро дар вилояти Қундуз таҳти назорати худ нигаҳ медоранд. Соли 2015 давоми ду ҳафта пойтахти вилоят шаҳри Қундуз дар дасти Толибон буд. Ин шаҳр аз он замон то кунун чандин бор мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Толибон тақрибан нисфи Афғонистонро назорат мекунанд ва ҳамлаҳои онҳо ба нирӯҳои амниятӣ тахминан ҳамарӯза рух медиҳад. Дар ин ҳодисаҳо мардуми мулкӣ ҳам кушта мешаванд.

XS
SM
MD
LG