Додгоҳе дар шаҳри Нурсултон ба баррасии парвандаи 14 шаҳрванди Қазоқистон шурӯъ кард, ки барои ширкат дар амалиёти ҷангии гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия муттаҳам мешаванд. Додгоҳ рӯзи 22 октябр дар дохили боздоштгоҳи муваққатӣ ва таҳти чораҳои шадиди амниятӣ бо ҳузури 13 гумонбар баргузор шуд. Гумонбари чордаҳум, ки чандин ҷароҳат дорад, дар мурофиа аз утоқи бемористон тавассути тамоси видеоии интернетӣ иштирок кард. Гумонбарон барои ширкат дар фаъолиятҳои террористӣ, ҷалби ҷангандаҳо, таблиғи терроризм ва содир кардани “дигар ҷиноятҳои сангин” гумонбар мешаванд.
Ин 14 нафар бахше аз садҳо шаҳрвандони Қазоқистон ҳастанд, ки соли ҷорӣ дар як амалиёти вижа аз Сурия ба ватан оварда шуданд. Ҳафтаи гузашта Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гуфт, ки дар ҷараёни амалиёти вижаи мақомот, дар маҷмӯъ 595 шаҳрванд, инчунин беш аз 400 кӯдак ба Қазоқистон оварда шуданд. Аз миёни онҳо то ҳол 10 мард ва 5 зан ба зиндон маҳкум шуданд.
Тобистони соли 2018 Кумитаи амнияти миллӣ гузориш дод, ки аз оғози соли 2014 тахминан 800 шаҳрванди Қазоқистон хонаҳои худро тарк карда дар Сурияву Ироқ ба ҳайати ҷангандаҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастанд.