Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳинду Покистон аз марги сарбозону мулкиҳо дар Кашмир хабар доданд


Маросими видоъ бо яке аз кушташудаҳо дар минтақаи Носирии Кашмир. 20 октябр

Дар задухӯрди рӯзҳои 19-20-уми октябр дар марзи Покистону Ҳинд дастикам 7 мулкӣ ва се сарбоз кушта шудаанд. Ба эҳтимоли ғолиб, аз моҳи август ба ин сӯ ин ҳодисаи хунинтарин дар минтақаи Кашмири зери назари Деҳлӣ мебошад. Гузоришҳои мухталиф мегӯянд, шумори қурбониҳо метавонад афзоиш ёбад. Сухангӯи артиши Покистон генерал-майор Осиф Ғафур дар паёме тавассути Твиттер рӯзи 20-уми октябр тирандозии бесабаб аз ҷониби Ҳинд дар хатти назорати марзиро гунаҳкор кард, ки ба гуфтааш, “махсус зидди мардуми мулкӣ” нигаронида шудааст. Низомиёни покистонӣ ба AFP гуфтанд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса “шаш мулкӣ ва як сарбоз дар Кашмири зери назари Покистон кушта шуданд”. Ғафур гуфт, дар ин ҳодиса инчунин ду сарбози покистонӣ ва панҷ мулкӣ маҷрӯҳ шуданд. Ӯ афзуд, ки артиши покистонӣ посух дод ва нӯҳ сарбози ҳиндиро кушта чанд нафари дигарро маҷрӯҳ кард. Ӯ гуфт, ки ду захирагоҳи ҳиндӣ “хароб карда шуд”. Вале манбаъҳои ҳиндӣ дар бораи он чи ки гузашт ва ҳам омори хисорот иттилои баҳсбарангезе нашр карданд. Полиси аршади ҳиндӣ ва мақомоти низомӣ ба Reuters ва AP гуфтанд, ки сарбозони покистонӣ як посгоҳи ҳиндӣ ва ҳам манотиқи мулкиро ҳадаф қарор дода, як сарбоз ва ду мулкиро куштанд. Сухангӯи артиши Ҳинд ба AFP гуфт, ки ду сарбози ҳиндӣ ва як мулкӣ кушта шуда, се нафари дигар дар минтақаи кӯҳии Купвара “дар натиҷаи оташи бесабаби ҷониби Покистон” кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG