Ненсӣ Пелосӣ, раиси Маҷлиси намояндагон ва Марк Эспер вазири дифои Амрико рӯзи 20-уми октябр вориди пойтахти Афғонистон шуданд. Баъди расидан ба мақоми вазир дар моҳи июл бори аввал аст, ки Марк Эспер ба Афғонистон меравад.
Сафари вакил ва вазири амрикоиро аломате аз талошҳои нави Иёлоти Муттаҳида барои хотима додан ба тӯлонитарин ҷанг дар таърихи Амрико медонанд. Бино ба гузоришҳо Марк Эспер бо раиси ҷумҳур Ашрафӣ Ғанӣ мулоқот мекунад ва ба дидори баъзе аз 14 ҳазор нафар аз сарбозони Амрико меравад. Иёлоти Муттаҳида 18 сол аст, ки эътилоферо раҳбарӣ мекунад, ки барои ҷазо додани Ал-Қоида ва аз ҳукумат рондани Толибон дар соли 2001 таъсис дод.
Сафари Марк Эспер тақрибан як моҳ баъд аз он сурат мегирад, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, музокироти сулҳ бо Толибонро боздошт. Гуфта мешуд, ки дар сурати созиши сулҳ бо Толибон Амрико метавонист, 5 ҳазор сарбозашро аз Афғонистон ба кишвар баргардонад.
Хабаргузории “Ассосиейтед Пресс” гузориш додааст, Марк Эспер рӯзи 20-уми октябр ба хабарнигорони ҳамроҳаш гуфтааст, Вашингтон метавонад, 8600 сарбозашро ба Амрико баргардонад ва бо ин ҳам талошҳо барои мубориза бо Ал-Қоида ва гурӯҳи ба ном Давлати Исломӣ осеб набинанд. Ӯ гуфтааст, “Ҳадаф ҳанӯз ҳам расидан ба созиши сулҳ аст.”