Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз муҳоҷират то Афғонистон. Раиси порлумони Русия дар Душанбе чӣ гуфт?


Вячеслав Володин, раиси Думаи Давлатии Русия
Вячеслав Володин, раиси Думаи Давлатии Русия

Вячеслав Володин, раиси Думаи Давлатӣ, порлумони Русия, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе омадааст, рӯзи 19-уми октябр бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард.

Мақомот дар хабаре гуфтанд, ду тараф “вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ карданд.” Дар ин суҳбат вазъи сиёсии Афғонистон ва мубориза ба зидди терроризм низ баҳс шудааст.

Ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз Вячеслав Володин хостааст, иҷрои тарҳи сохтмони панҷ мактаби русӣ дар минтақаҳои кишварро тезонанд.

Володин моҳи апрели имсол низ бо Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Думаи Давлатии Русия суҳбат дошт.

Раиси Думаи Давлатӣ, порлумони Русия, шоми 18-уми октябр ба Тоҷикистон омад. Вай дар суҳбати дигараш бо раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров масъалаи муҳоҷирони кориро баррасӣ кардааст. Баъзе аз хабаргузориҳо навиштанд, ки гӯиё ҷониби Тоҷикистон масъалаи пардохти нафақаи муҳоҷиронро дар миён гузоштааст, вале Муҳаммадато Султонов, сухангӯи порлумон онро кард.

Султонов гуфт, «бале, масъалаи муҳоҷират баррасӣ шуд. Раиси Маҷлиси Намояндагон хост, дар доираи созишномаҳои имзошуда ба муҳоҷирони корӣ кумак кунанд, вале дар масъалаи нафақа чизе набуд.»

Вячеслав Володин гуфтааст, соли гузашта муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон 2,5 миллиард доллар фиристодаанд, ки ба тақрибан сеяки Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар баробар аст. «Мо бояд ҳама коро кунем, ки ҳар касе Русияро ҷойи кор интихоб мекунад, бояд омода бошад ва забонро донад», -- афзудааст ӯ.

Беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо аз вазъи будубош ва иҷозаи кору бархӯрди мақомоти он кишвар шикоят доранд. Масъалаи дар Тоҷикистон ва ё дар Русия гирифтани пули нафақаашон низ муаллақ мондааст.

XS
SM
MD
LG