Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳрум шудани Отамбоев аз мақоми президенти пешин баррасӣ мешавад


Палатаи конститутсионии Қирғизистон 23 октябр шикоят дар бораи маҳрум шудани Алмосбек Отамбоевро аз мақоми президенти пешин баррасӣ хоҳад кард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон (ҲСДҚ) иттилоъ дод.

Як қатор вакилони порлумон ва намояндагони ҲСДҚ ду бор ба Палатаи конститутсионии Қирғизистон муроҷиат карданд. Муроҷиати якум ба таҳрири нави қонун "Дар бораи кафолати фаъолиятҳои президент" аст, ки президентҳои пешинро аз фаъолиятҳои сиёсӣ маҳрум мекунад.

Дар муроҷиати дуввум ҷонибдорони Отамбоев аз палатаи мазкур хостаанд, қарори порлумони Қирғизистон дар бораи таъсиси комиссияи махсусро барои эъломи айб зидди президенти пешини Қирғизистон бекор кунад.

Комиссияи порлумонии Қирғизистон дар аввал зидди Отамбоев бар асоси 9 банд айб эълом кард, вале сипас се банди онро барои рабт надоштанашон ба давраи президентии ӯ бекор карданд.

Президенти пешини Қирғизистон дар фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо, ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев, ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек айбдор карда мешавад.

Дертар Отамбоев дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани Батукаев се бор ба бозпурсӣ даъват шуд, вале ӯ нарафт.

Дар натиҷа рӯзҳои 7-8 августи соли равон дар деҳаи Кой-Тош "амалиёти иҷборан эҳзор кардани президенти пешини Қирғизистон ба бозпурсӣ" баргузор шуда, дар натиҷаи он даҳҳо кас осеб диданд. Аз ҷумла, як афсари Кумитаи амнияти ин кишвар ҷон бохт.

Алмосбек Отамбоев дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти Қирғизистон қарор дошта, ба ӯ то 26 соли зиндон таҳдид мекунад. 15 октябр нахустин мурофиаи парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани Батукаев баргузор шуд, вале Отамбоев ба он нарафт.

XS
SM
MD
LG