Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия бо оташбаси 5-рӯза мувофиқат кард, то курдҳо ақибнишинӣ кунанд


Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, ки ба Туркия сафар кардаст, шомгоҳи панҷшанбеи 17-уми октябр пас аз мулоқот бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия эълон кард, ки ду тараф бар сари оташбас дар шимол-шарқи Сурия, ба созиш расиданд.

Оқои Пенс дар нишасти хабарӣ дар Сафорати Амрико дар Анқара гуфт, амалиёти низомии Туркия ба муддати 120 соат (ҳудуди панҷ рӯз) қатъ мешавад, то ниманизомиёни курд аз "хатти таъйиншуда", яъне 32-километрии марз ақибнишинӣ кунанд ва пас аз он, амалиёт поён хоҳад ёфт.

Дар ҳамин ҳол, чанд дақиқа пас аз нашри ин гуфтаҳои Майк Пенс, вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу гуфт, "ин оташбас нест", балки фақат "қатъи муваққати амалиёт аст". Мавлуд Човушоғлу дар нишасти хабарие дар Истанбул гуфт, "мо амалиётро ба таъхир меандозем... мо фақат метавонем ҳамлаҳоро то вақте, ки ҳамаи гурӯҳҳои террористӣ аз ин минтақа ақибнишинӣ кунанд, қатъ кунем".

Туркия ниманизомиёни курди Воҳидҳои мудофеи халқро "созмони террористӣ" мехонад ва мегӯяд, ки то 30-35 километрии дохили хоки Сурия "минтақаи амн"-и ин кишвар аст.

Ҳамзамон бо нишасти хабарии Майк Пенс дар Анқара, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико созиш бо Туркияро ба маънои "наҷоти ҷони миллионҳо" нафар донист ва дар паёми твиттерӣ аз Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва ҳамчуни Майк Пенс ва Майк Помпео, ташаккур кард.

Дар ҳамин ҳол, Мазлум Абдӣ, фармондеҳи ниманизомии курдҳо гуфтааст, онҳо оташбас дар шаҳрҳои Раъс-ул-Айн ва Тал-ал-Абязро риоят хоҳанд кард, ҳарчанд гуфт, ки "мо дар бораи оташбас дар дигар шаҳрҳо ва минтақаҳо гуфтугӯ накардаем".

Бо вуҷуди эъломи мувофиқати ду тараф бо ин оташбас, гурӯҳҳои нозир бар масоили ҳуқуқи башар дар Сурия, ки қароргоҳи он дар Бритониё мебошад, гуфтааст, ҳанӯз даргириҳое дар шаҳри Раъс-ул-Айн ҷараён дорад.

Доналд Трамп дар рӯзҳои ахир ба хотири тасмимаш дар бораи хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз шимоли Сурия ҳадафи интиқодоти сахте аз сӯи аъзои ҳар ду ҳизб -- ҷумҳурихоҳ ва демократҳои Амрико қарор гирифт. Ба бовари ҷумҳурихоҳон ва демократҳо, Трамп бо ин амалаш курдҳоро бедифоъ гузошт. Курдҳо муттаҳиди аслии Амрико дар ҷанг алайҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" буданд.

Доналд Трамп аз ҷониби дигар ба Раҷаб Таййиб Эрдуғон нисбат ба амалиёти низомӣ дар шимоли Сурия ҳушдор дода, дар номае ба вай, хоста буд, то барои даст ёфтан ба як "созиши хуб", ҳамкорӣ кунад.

Бо ин ҳол, чанд соат пас аз эълони оташбас, хабаргузориҳои Олмон ва "Рейтерз" гузориш дода буданд, ки оқои Эрдуғон баҳси музокира бо ниманизомиёни курди Сурияро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG