Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи Амрико ва Туркия дар бораи оташбас дар шимоли Сурия


Муовини президенти Амрико пас аз мулоқот бо раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфт, ду тараф ба сари оташбас дар шимоли шарқи Сурия ба тавофуқ расидаанд.

Майк Пенс шоми 17-уми октябр дар нишасти хабарӣ дар Анкара гуфт, амалиёти низомии Туркия ба муддати 120 соат (баробар ба панҷ рӯз) боздошта мешавад, то шибҳинизомиёни курд аз "хатти таъйин‌шуда", яъне беш аз 30-километрии марз бо Туркия ақибнишинӣ кунанд.

Баъд аз эълони ин хабар, Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия, гуфт, "ин оташбас нест", балки "таваққуфи муваққатии амалиёт аст". Вай дар нишасти хабарӣ дар Истанбул гуфт, "мо фақат метавонем ҳамлаҳоро то замоне ки унсурҳои террористӣ аз ин минтақа ақибнишинӣ кунанд, боздорем."

Туркия шибҳинизомиёни курд, маъруф бо номи "Ягонаҳои мудофеи халқ"-ро созмони террористӣ мехонад.

Дар ҳамин ҳол, президент Доналд Трамп тавофуқ бо Туркияро ба маънои "наҷоти ҷони миллионҳо нафар" донист ва дар паёме дар "Твиттер" аз Раҷаби Таййиб Эрдуғон ва ҳамчунин аз Майк Пенс ва Майк Помпео ташаккур кард.

Трамп дар рӯзҳои ахир ба хотири тасмимаш дар бораи хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз шимоли Сурия ҳадафи интиқодҳои шадиде аз тарафи аъзои Ҳизби Демократ ва Ҳизби Ҷумҳурихоҳ будааст, ки бовар доранд, вай бо ин иқдом курдҳоро бе ҳимоят гузоштааст. Курдҳо дар набард ба зидди гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" муттаҳиди калидии Амрико буданд.

Амалиёти нерӯҳои Туркия дар шимоли Сурия рӯзи 9-уми октябр шуруъ шуд.

XS
SM
MD
LG