Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти собиқ аз муҳофизони давлатӣ маҳрум мешавад


Георгий Маргвелашвили бо ҷонпосонаш
Георгий Маргвелашвили бо ҷонпосонаш

Президенти пешини Гурҷистон Георгий Маргвелашвилӣ аз 16 декабр гирифта, бе муҳофиз гаштугузор хоҳад кард. Мақомоти Гурҷистон мегӯянд, чизе ба амнияти ӯ таҳдид намекунад ва зарурат ба ҷонпосони давлатӣ дар миён нест. Маргвелашвилӣ аз ин тасмим эътироз кард ва мегӯяд, он "ангезаҳои сиёсӣ" дорад.

Вале мақомоти Гурҷистон гуфтаанд, ин тасмим пас аз қабул шудани қонуне гирифта шудааст, ки бар пояи он амнияти мансабдорони баландпоя, ба шумули президентҳо, пас аз як соли рафтан аз вазифа набояд аз тарафи давлат таъмин гардад. 16 декабр аз поёни кори Георгий Маргвелашвилӣ ҳамчун раисиҷумҳури Гурҷистон яксоли расо мегузарад.

Ҳамзамон дар қонунҳои ин кишвар гуфта мешавад, дар сурати ошкор шудани хатар ба ҷони президенти пешин, Хадамоти посбонии давлатӣ метавонад, ба шеваи истисноӣ амнияти ӯро бар душ гирад. Арзёбии амнияти мансабдоони пешини давлати Гурҷисттон ҳар чанд моҳ баргузор мегардад ва тасмими ниҳоӣ бар пояи натиҷаҳои он гирифта мешавад.

Ба фарқ аз Гурҷистон дар чандин кишвари дигари пасошӯравӣ давлат амнияти президентҳои собиқро якумрӣ таъмин менамояд. Бархе аз онҳо пас аз рафтан аз сари қудрат низ соҳиби дастгоҳи густардаи идорӣ, маоши баланд ва нуфуз дар умури давлатро дар ихтиёр хоҳанд дошт.

XS
SM
MD
LG