Интихоботи вакилони даъвати 8-уми порлумони Қирғизистон моҳи октябри соли оянда баргузор мешавад. Дар ин бора раиси Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон Нурҷон Шайлдабекова хабар дод.
Ба гуфтаи вай, дар ду соли оянда дар Қирғизистон интихоботҳои маҳалливу шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.
Пештар аз ин бархе аз расонаҳо ва вакилон гуфта буданд, ки эҳтимол дорад, тирамоҳи соли ҷорӣ порлумон пароканда ва интихоботи ғайринавбатӣ баргузор шавад.
"Гуфтугӯҳо дар бораи пароканда кардани порлумон дар долонҳои "Кохи сафед" идома дорад, аммо ман бар ин назарам, ки амалӣ кардани ин тарҳ ба кишвар чизе намедиҳад, танҳо манфиатҳои афроди алоҳидаро бароварда мекунад", - навишта буд вакили порлумони Қирғизистон Достон Бекешев, рӯзи 20 сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Аида Қосималиева, ноиб-раиси порлумон низ овозаҳои парокандашавии порлумонро тасдиқ кард.
"Баргузории интихобот дар баҳор ё тирамоҳи соли 2020 фарқи зиёде нахоҳад дошт. Ҳарчанд ин аз омилҳои зиёде вобаста аст, вақт нишон медиҳад. Ҳарчанд интихоботи пеш аз муҳлат "орзу"-и бархе аз масъулон аст. Аз ҳамон оғози порлумони кунунӣ дар ташвишанд", - навишт Аида Қосималиева дар саҳифаи Твиттер.
Муҳлати эътибори порлумони кунунии Қирғизистон тирамоҳи соли оянда ба поён мерасад.