Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев дар саммити Шӯрои туркон дар Боку ҷоиза гирифт


Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон дар саммити Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон, ки дар пойхтахти Озарбойҷон баргузор шуд, ширкат варзид. Айдос Укибой, сухангӯи Назарбоев хабар дод, ки дар ҷараёни ҷаласаи Шӯро ба Назарбоев ордени Ҷаҳони туркӣ доданд.

Назарбоев мақоми раиси мудовими Шӯрои туркиро дорад. Ин мақом ба вай бо ташаббуси Туркия дода шудааст.

Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон, ки ҳамчунин бо номи Шӯрои туркӣ машҳур аст, моҳи октябри соли 2009 таъсис шуд. Дар ин Шӯро айни ҳол Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Узбекистон шомил ҳастанд.

Нурсултон Назарбоеви 79-сола моҳи марти соли ҷорӣ аз мақоми президентӣ истеъфо дод. Аммо вай раиси Шӯрои амнияти Қазоқистон ва раиси ҳизби ҳокими кишвараш боқӣ мондааст.

Созмонҳои байналхалқии ҳомии ҳуқуқ Назарбоевро дар замони роҳбарияш борҳо барои поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандони Қазоқистон ва озодии баён дар он кишвар танқид карда буданд.

XS
SM
MD
LG