Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норасоии сӯзишворӣ - мушкили навбатии сайёҳон дар Узбекистон


Сайёҳони итолиёӣ 12 октябр ба далели набудани сӯзишвории дизелӣ дар яке аз нуқтаҳои фурӯши ноҳияи Косони Узбекистон дар нимароҳ монданд. Пештар як автобуси сайёҳони ҷопонӣ низ айнан бо ҳамин мушкил рӯбарӯ шуда буд.

"Як рӯз пас аз нашри видеои дармондани сайёҳони ҷопонӣ дар сомонаи Радиои Озодӣ ба мо танҳо 2 тонна солярка доданд. Ҳоло боз солярка нест. Бо ширкатҳои сайёҳӣ қарордод дорем, вале сӯзишворӣ надорем. Як корманди мо симро дар зарфи шишагӣ баста, охирин қатраҳои соляркаро аз бушка берун кашид ва ин амали ӯ шаҳрвандони хориҷиро ба ҳайрат овард. Онҳо кори вайро аксу навор гирифтанд. Зоҳиран пас аз бозгашт ба хонаашон онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва вазъ дар Узбекистонро баррасӣ хоҳанд кард",-гуфт Ислом Изомов, раҳбари нуқтаи фурӯши сӯзишворие, ки сайёҳон дар он солярка пайдо накарданд.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ пештар хабар дод, ки автобуси сайёҳони ҷопонӣ 4 октябр ба далели набудани солярка ду соат дар Қашқадарё дармонд. Вазорати энержии Узбекистон он замон дар ин ҳодиса раҳбарони нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории маҳаллиро айбдор кард.

Вале раҳбари нуқтаи фурӯши сӯзишвории Косон Ислом Изомов иддаои вазоратро хандаовар номид. "Бар асоси қарори Кумитаи давлатии хусусигардонӣ, зиддиинҳисорӣ ва рушди рақобати Узбекистон, нуқтаҳои фурӯш ҳақ надоранд, ки дар биржа солярка ва бензини навъи 80 харанд. Оё Вазорати энержии Узбекистон аз ин огоҳ нест? Онҳо аз қазия хуб огаҳанд, вале коре карда наметавонанд",-афзуд вай.

Изомов дар муроҷиати видеоии худ аз президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев хост, ба мушкили норасоии солярка таваҷҷуҳ зоҳир кунад. Зеро дар ғайри сурат, хориҷиҳо ба вазъи Узбекистон хоҳанд хандид.

XS
SM
MD
LG