Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавсими "облава" дар Тоҷикистон: Ҷавононро аз кӯча "рабуда" ба хидмат мефиристанд. ВИДЕО


Бинои вазорати дифои Тоҷикистон.
Бинои вазорати дифои Тоҷикистон.

Аз замони даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиши Тоҷикистон беш аз як ҳафта гузашт ва жар ин муддат мақомоти баъзе аз ноҳияҳо аз иҷро шудани нақша ё гусели дастҷамъии ихтиёриён ба артиш хабар доданд. Баръакси ин сокинон аз афзоиши даъвати маҷбурӣ ё "облава" шикоят доранд.

Холмуҳаммад Мирзоев, писари Сайфура Расулова субҳи 7-уми октябр дар хонаашон боздошт ва иҷборан ба сафи артиш ҷалб шудааст. Ба гуфтаи Расулова, афроде дар либоси мулкӣ ҳамроҳи кормандони пулис ба хонаи онҳо ворид шуда, писари 22-солаашро бо худ бурдаанд.

Сайфура Расуловаи 67-сола мегӯяд, ин афрод ҳеч гуна коғазеро ҳам нишон надоданд ва аз комиссариати ҳарбӣ низ то он дам даъватнома дарёфт накарда буданд. "Мо ӯро аз хидмат пинҳон накарда будем ва ба номаш низ аз комиссариати ҳарбии ноҳия даъватнома наомада буд. Ба номи писари калониам даъватнома оварда буданд, ки ӯ дар муҳоҷирати корӣ дар Русия аст",-афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Расулова, намояндагони мақомоти маҳалливу кормандони пулис ҳангоми боздошти писараш аз нерӯ истифода карда, вақте ӯро аз писараш ҷудо намуданд, ба замин афтид. "Келинам дод зад, ки ман беморам ва фишори баланди хун дорам. Бояд маро ба беморхона баранд. Вале онҳо дар мошини худ нишастанду рафтанд", шикоят кард модари Холмуҳаммад.

Аҳмад Комронов, раиси ҷамоати Симиганҷи Ваҳдат дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ муносибати дағалона нисбати ин хонаводаро рад намуда, гуфт, ба Мирзоев барои ҳозир шудан ба хизмат даъватнома ирсол намуда буданд, аммо ҳозир нашуд. Ӯ гуфт, баъди он ки ин ҷавон ба хизмат дар артиш ҳозир нашуд, ба маҳалли зисташ рафта, ӯро ба хизмат бурданд. "Чун ҳозир нашуд, рафта, гирифтем равонаш кардем, ягон кори ғайриқонунӣ нашудааст, ҳоло дар хизмат аст".

Раиси ҷамоати Симиганҷ нахост дар бораи шеваи даъвати Холмуҳаммад Мирзоев ба артиш, ки боиси нигаронии модари ӯ шудааст, бештар сӯҳбат намояд.

Мавсими "облава" дар Тоҷикистон: Ҷавононро аз кӯча "рабуда" ба хидмат мефиристанд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Ҳуқуқшинос Абдулмаҷид Ризоев мегӯяд, бар асоси қонун касе ҳақ надорад афродеро, ки ба хидмати ҳарбӣ ҳозир намешавад, дастгир намуда, ба артиш фиристад. Ӯ иброз дошт, ки тибқи қонунгузории кишвар, вақте ҷавони сини даъват ба артиш ба хидмат ҳозир нашуд, нахуст бояд Комиссияи даъвати ҷавонон ба артиш, ки дар назди ҳар як ноҳия фаъол аст, сабабу омилҳои амали ҷавонро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

Ӯ таъкид намуд, ки сипас мақомотҳои додситонӣ парванда тартиб дода, ба додгоҳ ирсол мекунанд ва танҳо додрас дар нисбати ҷавоне, ки ба хидмат ҳозир нашудааст, тасмим мегирад.

Сайфура Расулова ягона нафаре нест, ки аз шеваи даъвати писараш ба артиш шикоят дорад. Дилафрӯз Наҷмиддинова, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, писараш Аббос Саторов, фарзанди ягона дар оила аст, ки бар асоси қонун бурданаш ба артиш манъ аст, вале тай як ҳафтаи ахир бори дуввум аст, дастгир шуда, ба комиссарияти ҳарбӣ бурда мешавад. "Бо як даводави зиёд озодаш кардам, ҳоло мехоҳам ҳамон ҳуҷҷатеро, ки ягона фарзанд буданашро тасдиқ мекунад, доим дар бараш гардонад".

Сангинмоҳ Ҳусейноваи 64-сола, сокини маҳаллаи "Каратегинский"-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахтро бештар ин нигарон кардааст, ки набераи ятимашро бидуни даъвати расмӣ аз ҷои кор дастгир намуда, ба хидмат бурдаанд. Ҳусейнова рӯзи 9-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд ба намояндагони комиссарияти ҳарбӣ фаҳмонид, ки наберааш Муҳаммади Ҷамшедзода ятими кул аст, набояд ба артиш равад, вале касе ба суханҳояш гуш надод.

Нигаронии ин зан дар ҳолест, ки Сулаймон Содиқзода, комиссари ноҳияи Шоҳмансур мегӯяд, ба тамоми ҷавонони сини хидмати ҳарбии ноҳия даъватнома ирсол намудаанд, вале онҳое, ки сари вақт ҳозир намешаванд, дар нисбаташон чораҳои қонунӣ сурат мегирад. Ба гуфтаи ӯ, бо дастрас намудани даъватномаи хидмати ҳарбӣ ҷавонон ӯҳдадоранд сари вақт ба хидмат ҳозир шаванд".

Тибқи қонунгузорӣ ятимони кул ва онҳое, ки ҳамчун яккафарзанд дар хонавода эътироф шудаанд, бурданашон ба хидмати сарбозӣ манъ аст. Дар комиссарияти ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур гуфтанд, ин ки ятими кул бо номи Муҳаммади Ҷамшедзода аз сӯи ин ниҳод ба хидмат ҷалб шудааст, то куҷо асос доштанашро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

Дар Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтанд, ҷараёни даъвати наваскарон ба хидмати ҳарбиро онҳо назорат намекунанд ва бо ин кор комиссияи махсусе машғул аст, ки ба артиш ҳеч рабте надорад.

Огоҳони умур, ки масъалаи даъвати ҷавонон ба артишро назорат мекунанд, мегӯянд, ҳамасола ҳини ҷалби ҷавонон ба артиш, борҳо мавриди нақзи ҳуқуқи ин қишри ҷомеаро аз сӯи масъулони даъват ба артиш, мушоҳида кардаанд. Бархе аз коршиносон мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба он ки масъалаи даъвати ҷавонон ба артиш сол то сол печидатару доғтар шуда истодааст, давлат бояд чораҳоеро рӯи даст гирад, ки ҷавонон барои рафтан ба хидмати сарбозӣ ҳавасманд бошанд.

Шокирҷон Ҳакимов, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ мегӯяд, дар замони Шӯравӣ хидмат дар артиш ба одат ва анъана табдил ёфта буд, аммо ҳоло бо далоили зиёде чунин чизеро намебинад.

Ӯ афзуд, ки зуроварӣ дар артиш, набуди кафолати амният, паст будани сифати ғизо ва дигар шароитҳои лозима ва баъди анҷоми хидмат пешбинӣ нагардидани имтиёзҳои воқеан ҳам умедворкунанда аз омилҳоеянд, ки бархе ҷавононро аз хидмат дар артиш дур намудааст.

Мушкили дигаре, ки ба назари таҳлилгарон, дар ростои даъвати ҷавонон ба артиш вуҷуд дорад, ин ҳар чӣ зудтар иҷро намудани нақшаи пешбинишуда барои ҳар як шаҳру навоҳӣ мебошад. Ба қавли огоҳон, дар сурати таъхир ва ё пурра аз ӯҳдаи иҷрои нақша набаромадан, масъулони даъват ба артиш, "гап мешунаванд".

Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиши Тоҷикистон аввали моҳи октябр оғоз гардид ва то охири моҳи ноябри имсол идома мекунад.

XS
SM
MD
LG