Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафткашҳои Қазоқистон маоши бештар талаб доранд


Дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон рӯзи 11 октябр коргарони ширкати нафткаши "Нафти шарқ ва хадамот" бо талаби афзоиши маошашон пушти дари корфармо ҷамъ шуданд.

Яке аз эътирозгарон гуфт, пештар аз ин онҳо 50 дарсад боло бурдани маошашонро талаб доштанд ва корфармо афзоиши 20-дарсадиро ваъда дода буд. Аммо онро ҳам иҷро накард.

"Маоши мо кам аст. Ҳадди аксари маош наздики 300 доллар аст", - гуфт Амонтой Бердимагамбетов, яке аз коргарони ширкати "Нафти шарқ ва хадамот".

Кайрат Бекенов, муовини ҳокими вилояти Оқтеппа бо эътирозгарон гуфтугӯ кард. Вай гуфт, ширкат соли ҷорӣ ду маротиба: дар моҳи январ 9 фоиз ва дар моҳи сентябр 20 фоиз маоши коргаронро боло бурд. Бекенов афзуд, болоравии маош соли оянда баррасӣ хоҳад шуд.

Аммо коргарон ин маълумоти Бекеновро рад карданд.

Дар моҳи сентябр коргарони ширкати "Нафти шарқ ва хадамот" гуфта буданд, ки дар сурати боло нарафтани маошашон корпартоӣ хоҳанд кард.

Дар ширкати "Нафти шарқ ва хадамот" дар маҷмуъ 1112 кас кор мекунад, ки аз ин шумор 106 танашон шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG