Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон "Форуми тиҷорати Осиёи Миёна" доир мешавад


Рӯзҳои 12-13 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон бо ибтикори Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.

Аз сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи 10-уми октябр ба Радиои Озодӣ иттилоъ доданд, ки дар ин форум роҳбарони ширкатҳо, намояндагони бахши давлатӣ ва коршиносони соҳа аз Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла намояндагони ҳукумати Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Манбаъ афзуд, мавзӯи форуми имсола "Равишҳои инноватсионӣ ва сармоягузорӣ дар бахши меваю сабзавот" буда ва ширкатдорон бо технологияҳои нав, имкониятҳои сармоягузорӣ ва дурнамои рушди тиҷорат, шинос мешаванд.

Аз ҷумла, ширкатдорон бо равишҳои гуногуни сармоягузорӣ дар бахши меваю сабзавот дар Осиёи Миёна ва берун аз он шинос мешаванд. Ҳамчунин коршиносони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар ин бора ҷаласаи худро доир мекунанд ва мутахассисони Барномаи Рушди СММ ширкатдоронро бо истеҳсоли маҳсулот дар минтақа шинос мекунад.

Дар ҳошияи ин форум ширкати байналмилалии омӯзишии "CERT Academy" конфронси амалиеро оиди "Тағйир додани тафаккур дар системаи идоракунӣ бо стандартҳо нав"-ро мегузаронад.

Амрико сарпарасти асосии форум дар доираи тарҳи USAID оид ба рақобатпазирӣ, савдо ва ҷойҳои корӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад ва онро бо шарикони маҳаллӣ ва байналмилалии худро доир мекунад.

Ин форум дар ҳоле баргузор мешавад, ки коршиносон мегӯянд, бо вуҷуди талошҳо, тиҷорат миёни ин кишварҳои Осиёи Миёна бо Амрико ба андозаи кофӣ густарда нест.

Кишварҳои Осиёи Миёна бо Амрико дар доираи Гурӯҳи С5+1 ҳам ҳамкорӣ доранд. Гурӯҳи С5+1 аз Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ -Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ташкил шудааст.

Мулоқоти нахустини вазирони хориҷаи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва ИМА моҳи ноябри соли 2015 дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд ва ширкаткунандагон дар заминаи ҳамкориҳо дар бахшҳои амният, иқтисодиёт ва муҳити зист ба мувофиқа расиданд.

XS
SM
MD
LG