Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон бо диндорон "корҳои фаҳмондадиҳӣ" мегузаронанд


Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кумитаҳои маҳаллӣ ва омӯзгорони макотиби вилоятҳои Намангон, Фарғона ва Андиҷони Узбекистон дар мавзӯи "Беҳсозии муҳити динӣ" ҷаласаҳо баргузор мекунанд.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ сабти садоеро аз ҷараёни яке аз ҷаласаҳои мазкур дар деҳаи "Калача"-и ноҳияи Шаҳрихони вилояти Андиҷон дастрас кард. Дар ҷаласа ҷавонони 18-19-солае иштирок доштанд, ки риш мемонанд ва бо "тоқии ғайрисуннатӣ" ба масҷид мераванд.

Тавре дар навор шунида мешавад, марде худро нозири умури фаҳмондадиҳии Шуъбаи пулиси Шаҳрихон Элмурод Аҳмадалиев муаррифӣ карда, аз ҷавонон даъват мекунад, ки риш нагузоранд. "Агар ҳама риш монанд корҳои давлативу хоҷагидориро кӣ мекунад? Танҳо 60-солаҳо метавонанд, ки риш монанд",-меафзояд ӯ.

Ба гуфтаи нозири узбек, шеваи либоспӯшии арабҳо ва мардуми дигар наметавонад барои узбекҳо намуна шавад. "Мо турк ё эронӣ нестем. Мо узбек ҳастем",-изҳор медорад Аҳмадалиев.

Ҷавони 19-солае аз нозир суол мекунад, оё дар Узбекистон қонуне ҳаст, ки мондани ришро манъ кунад. Нозир ба ҷои посух додан ба таҳдид гузашта, дар хитоб ба ҷавон мегӯяд, ки ман падарбузургу падари туро мешиносам ва инхел суолҳоро дигар надеҳ.

Пештар манобеъ хабар дода буданд, ки кормандони Кумитаи занони ноҳияи Турақӯрғони вилояти Намангон хона ба хона гашта, аз сокинон даъват мекунанд, либосҳои исломӣ напӯшанд ва риш нагузоранд.

XS
SM
MD
LG