Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон омбудсмени тиҷорат фаъолиятро оғоз мекунад


Дар Қирғизистон омбудсмен ё худ ваколатдори тиҷорат Робин Орд-Смит фаъолиятро оғоз мекунад. Дар ин бора худи ӯ 8 октябр дар ҷаласаи Шӯрои тобеи ҳукумати Қирғизистон барои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Робин Орд-Смит, доираи соҳибкорони маҳаллӣ барои ҳимояти соҳибкорӣ аз таҷрибаи кофӣ бархурдор аст ва ӯ талошҳои ҳукумати Қирғизистонро барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва доираи соҳибкорӣ пурра дастгирӣ менамояд.

"Робин Орд-Смит гуфт, бо вуҷуди шаҳрванди Бритониё буданаш барои ҳимояти манфиатҳои соҳибкорони дохиливу хориҷӣ тамоми талошашро хоҳад кард",-иттилоъ додааст хадамоти матбуотии Девони вазирони Қирғизистон.

Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев низ дар ҷаласаи мазкур гуфт, шаҳрванди хориҷӣ таъйин шудани ваколатдори тиҷорат паём ба соҳибкорони хориҷӣ аст, ки метавонанд бо дили пур дар иқтисоди ин кишвар сармоягузорӣ кунанд. Нурлан Мусуралиев ва Сергей Пономарев муовинони омбудсмени тиҷорат таъйин шуданд.

Ибтидои соли ҷорӣ сарвазири Қирғизистон қарори ташкили ваколатдори тиҷоратро имзо кард. Ваколатдори тиҷорат масъули ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии тоҷирони Қирғизистон хоҳад буд. Барои фаъолияти ниҳоди нав 1,5 млн евро ҷудо мешавад. Ин маблағро Бонки аврупоии рушду бозсозӣ медиҳад.

Дар маҷмуъ, барои ишғоли курсии ваколатдори тиҷорат 100 кас, аз ҷумла чанд намояндаи тиҷорати Қирғизистон даъвогар буданд. Дар ниҳоят Робин Орд-Смит ба ин мақом интихоб шуд.

Робин Орд-Смити 53-сола аз моҳи июни соли 2015 то моҳи январи соли 2019 сафири Бритониё дар Қирғизистон буд.

XS
SM
MD
LG