Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории ду полиси Маскав барои шиканҷаи муҳоҷирон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ду афсари полис дар шаҳри Балашихаи канори Маскав бо иттиҳоми “шиканҷа”-и ду муҳоҷири узбек аз кор ронда шудаанд. Мақомот гуфтанд, нисбат ба онҳо таҳқиқот оғоз шудааст.

Ин ду марди муҳоҷир аз тарси маъмурони пулис худро аз ошёнаи дуюми бино ба замин партофта, ҳоло дар як бемористон табобат мегиранд. Татяна Петрова, сухангӯи полиси минтақаи Маскав, рӯзи 2-юми октябр гуфт, рутба ва вазифаи раҳбари ин ду ходими полис ҳам поин оварда шудааст.

Назари маъмурони полис ба ин ҳодиса маълум нест.

Петрова гуфт, “дар натиҷаи санҷиши дохилӣ, ду афсари департаменти тафтишоти полиси шаҳри Балашиха аз кор ронда шуданд. Онҳо барои иснод овардан ба шарафи ходимони ҳифзи ҳуқуқ ҷазо гирифтанд ва акнун бар асоси қонун ҷавоб диҳанд”.

Вай афзуд, даҳ афсари дигари полис дар пешорӯи муҷозоти интизомӣ қарор доранд.

Дилшод Темиров ва Илҳом Холматовро рӯзи 20-уми сентябр бо нишонаҳои шикаста шудани чанд ҷойи устухони бадан ба бемористон бурданд. Онҳо дар талоши фирор аз таҳдиди се марди мусаллаҳи либоси мулкӣ ба тан худро аз ошёнаи дуюми манзили зист ба замин ҳаво доданд.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар дод, ки се мард худро афсарони бахши тафтишоти полис муаррифӣ карда ва аз Темиров, Холматов ва ду марди дигаре аз Осиёи Марказӣ пули нақд талаб кардаанд. Онҳо дар як хона мезистанд. Холматов мегӯяд, “яке аз онҳо туфангчаро ба сӯи ман дошт ва гуфт, ки мекушад. Дар ёд надорам, ки баъди ин чӣ шуд. Вақте ба худ омадам, дар замин хоб будам ва поям шикастааст”.

Пой ва сутунмӯҳраи муҳоҷирон шикаст
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

Сокини дигари ин хона Элёрбек Умаров, шаҳрванди Қирғизистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамлагарон чаҳор нафарро дар хона латту кӯб кардаанд.

Вай афзуд, “вақте ба онҳо гуфтам, ки шаҳрванди Қирғизистон ҳастам, яке аз афсарони полис ба рӯям зад ва аз талаб кард, ки 10 ҳазор рубл диҳам. Кӯшиш кардам, фаҳмонам, ки дар корти бонкиам фақат 8 ҳазор рубл дорам ва танҳо субҳ метавонам ин пулро аз банкомат бигирам. Маро заданд”.

Қурбонии дигар Ҷасурбек Бегимов ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамлагарон тахминан ду соат ҳамаи онҳоро “зада ва шиканҷа карданд”.

Сафорати Узбекистон дар Маскав аз Вазорати умури хориҷӣ, Додситонии кул ва Кумитаи тафтишоти Русия расман хост, ки ҳамлагаронро пайдо кунанд. Танҳо баъд аз ин, охири ҳафтаи гузашта, полиси минтақавӣ санҷиши дохилии ҳодисаро ба роҳ монд.

Темиров ва Холматов реставратор ё барқароркунандаи осори ҳунарӣ ҳастанд. Онҳо ба Маскав бо даъвати осорхонаи политехникии шаҳри Маскав рафтаанд.

Ҳамлаҳо ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва сокинони Қафқоз дар Русия аз ҷониби миллатгароҳо ва баъзан маъмурони полис рух медиҳад.

XS
SM
MD
LG