Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушунатҳо дар Рӯзи миллии Чин Ҳонг Конгро такон дод


Чанд соат пас аз баргузории як паради низомии бузург ба муносибати ҳафтодумин солгарди таъсиси Ҷумҳурии мардумии Чин, як корманди пулис дар Ҳонк Конг ба синаи як тазоҳуркунанда тир зад. Ҳодисаҳои рӯзи сешанбеи 1-уми октябр дар Ҳонг Конг, хушунатбортарини онҳо тайи моҳҳои ахир будааст.

Ин аввалин ҳодисаи тирандозии мустақим ба сӯи тазоҳургарон тайи эътирозҳое аст, ки аз чаҳор моҳ пеш дар Ҳонг Конг оғоз шудааст. Эътирозҳое, ки таваҷҷуҳи бахше аз афкори умумиро аз маросими ба диққат барномарезишудаи солгарди таъсиси Ҷумҳурии мардуми Чин, ба дигар тараф бурд.

Ҳамзамон бо баргузории паради низомии ҳудуди 15 ҳазор нафар аз нерӯҳои мусаллаҳи Чин дар муқобили Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин дар шаҳри Пекин, тазоҳуркунандагони тарафдори демократия дар Ҳонг Конг ба як акси раиси ҷумҳури Чин тухми мурғ партоб карданд ва ҳазорон нафар аз мардум ба дастур пулис итоат накарданд ва муқовимат намуданд.

Задухӯрд байни пулис ва тазоҳуркунандагон дар нуқтаҳои мухталифи Ҳонг Конг чандин соат давом кардааст. Шуморе аз тазоҳуркунандагон ба суйи пулис санг партов карданд ва пулис бо онҳо бо гази ашковар, тирҳои пластикӣ ва мошинҳои обпош, муқобила кардааст.

Пулис гуфтааст, ки кормандонаш ба хотири муҳофизат аз худ, тирандозӣ кардаанд. Ба гуфтаи пулис, қабл аз расидани мошинҳои ёрии таъҷилӣ барои интиқоли фарди маҷруҳ ба бемористон, кормандони пулис ба ӯ кӯмаки тиббии аввалия расондаанд. Масъулони бемористонҳо гуфтаанд, ки рӯзи сешанбе 31 маҷруҳ ба бемористонҳо интиқол дода шудаанд, ки ҳоли ду нафари онҳо вазнин аст.

Тазоҳурот алайҳи ҳукумат ва сиёсатҳои наздики беш аз ҳад ба ҳукумати Чин дар Ҳонг Конг дар рӯзҳои ахир вориди марҳилаи дигар шудааст ва ба хусус дар рӯзи якшанбе хашми эътирозгарон дар муқоиса ба рӯзҳои аввал ин эътирозҳо дар чаҳор моҳи пеш, сахттар шудааст.

Дар яке аз саҳнаҳои ин тазоҳурот дида мешавад, ки чандин корманди пулис ва як хабарнигор бар асари ҳамлаи тазоҳуркунандагон, маҷрӯҳ шуданд. Дар як мавриди дигар, кормандони пулис ба хотири партоби санг аз сӯи тазоҳуркунандагон аз саҳна гурехта, ба бинои шаҳрдорӣ паноҳ бурданд.

Даргириҳои хушунатбори рӯзи сешанбе дар Ҳонг Конг маросими ҳафтодумин солгарди таъсиси Ҷумҳурии мардуми Чинро зеро соя қарор додааст. Дар ин маросим, ки дар яке аз майдонҳои марказии Пекин баргузор шуд, воҳидҳои намунаи артиши Чин, аз ҷумла воҳидҳои зиреҳӣ, мушакҳои атомии нав ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, ширкат доштанд. Дар ин парад раиси ҷумҳури Чин Си Ҷинпин ва раиси иҷроии минтақаи худмухтори Ҳонг Конг ширкат доштанд.

Ҳадафи баргузории ин маросими бузург, ба намоиш гузоштани пешрафтҳои азими Чин аз ҳафтод соли пеш, ки як кишвари ҷангзада ва фақир буд то имрӯз аст, ки ба дуввумин иқтисоди бузурги ҷаҳон табдил шудааст.

Аз соли 1997 ва ҳангоме, ки Бритониё пас аз беш аз 150 сол ҳукмронии Ҳонк Конгро ба Чин вогузор кард, Ҳонг Конг бар асоси сиёсати "як кишвар, ду низом" идора мешавад. Низоме, ки бар асоси он Чин мувофиқат кард то ин минтақа ба таври нимамухтор идора гардад.

XS
SM
MD
LG