Раиси Кумитаи иттилоот ё разведкаи Маҷлиси Намояндагони Амрико гуфт, дар пайи ба даст овардани суҳбатҳои телефонии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, бо раҳбарони хориҷӣ, аз ҷумла президенти Русия Владимир Путин аст.
Адам Шифф, вакили демократ аз Калифорния, рӯзи 29-уми сентябр дар суҳбат бо телевизиони NBC далели ин корро "нигаронӣ аз эҳтимоли ба хатар афтодани амнияти миллии Амрико" донист.
Ба гузориши хабаргузории "Ройтерс", вай гуфтааст, "ба назари ман, ҳифзи амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида кори зарурӣ аст ва бояд бинем, ки оё раиси ҷумҳур дар суҳбат бо раҳбарони ҷаҳон, бахусус Путин, амниятро дар баробари манфиати шахсӣ зери суол бурдааст, ё не."
Доналд Трамп ва мансабдорони Кохи Сафед дар ин бора изҳори назар накардаанд.
Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 27-уми сентябр гуфт, барои Трамп муносиб нест, ки матни суҳбатҳояшро бо Путин нашр кунад.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, ки Кохи Сафед дастрасӣ ба матни суҳбатҳои "мушкилзо"-и Трамп бо раҳбарони хориҷӣ, аз ҷумла Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудиро ба шиддат маҳдуд кардааст.
Як маъмури Хадамоти махсуси Амрико ва ҳамзамон ифшогари суҳбати Доналд Трамп бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, низ гуфтааст, мақомдорони Кохи Сафед сабти суҳбатҳоро, мумкин аст, дар махзан ё сервери махфӣ ҷой кардаанд.
Кумитаи Адам Шифф шикояти ин маъмури Хадамоти махсусро баррасӣ дорад, ки иддао кард ҳангоми суҳбати телефонии моҳи июли имсол, Трамп аз Зеленский хостааст, таҳқиқи зидди Ҷо Байден, рақиби эҳтимолиаш дар интихоботи соли 2020 ва писараш Ҳантер Байденро оғоз кунад.
Ҷо Байден аз номзадҳои асосии демократҳо барои интихоботи президентии соли ояндаи Амрико аст. Намояндагони ин ҳизб раиси ҷумҳур Трампро муттаҳам кардаанд, ки дар тамос бо раҳбари хориҷӣ дар пайи манфиати шахсӣ будааст.
Трамп эътироф кардааст, ки дар суҳбати телефонӣ бо раиси ҷумҳури Украина Байденро баҳс кардааст, вале фишор болои Зеленскийи 41-сола ва сиёсатмадори навқадамро комилан рад кардааст.
Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико, ҳафтаи гузашта дастур дод, ки расмиёт барои раъйи адами эътимод ё изҳори нобоварӣ ба раиси ҷумҳур Доналд Трампро оғоз кунанд.
Адам Шифф ҳамчунин ба шабакаи ABC гуфтааст, Кумитаи иттилооти Маҷлиси Намояндагон бо ифшогари ин парванда барои шоҳидӣ доданаш дар як нишасти пурсишу посух ба созиш расидааст.
Бино ба Қонуни асосии Амрико, президент барои хиёнат, порагирӣ ё ҷиноятҳои дигари вазнин метавонад аз мақомаш маҳрум шавад.
Ду президенти пешини Амрико Эндрю Ҷонсон дар соли 1868 ва Билл Клинтон дар соли 1998 бо изҳори нобоварӣ рӯ ба рӯ шуда буданд, вале Сенат онҳоро "орӣ аз хато" эълон кард. Соли 1974 президент Ричард Никсон дар пайи таҳдиди импичмент аз мақомаш истеъфо дод.
Қариб да ҳама давлатҳои пешрафта чунин рафтор мекунанд. Корфармо бояд масрафи транспорт, ҷои хоб ва ғизоро бодя таъмин кунад. Барад ва бозгардонад ба ватан. Ва коргар бояд ҳама маъалаҳои пешгузоштаи корфарморо иҷро кунад ва ҷои корро бе иҷозат тарк накунад чи дар вақти соати кори е берун аз он. Русҳо ки худашон айни замон мушкили зиед доранд, муҳоҷиронро кам аҳамият медиҳад. Ва агарне муҳоҷир будан худ аз ғуломи ҳеҷ фарқе надорад. Агар мехоҳед ки мисле муҳоҷире ки корҳои хубро дар оффис шишта анҷом медиҳанд бояд ҳатман да кудаки ай пушти хондан шавед.
Боз ҳамон афсонаи куҳнаи арабҳоро ба ёд овардӣ? Афсонаҳои духтари худро ба занӣ гирифтан ё бахшидани зани худ ба марди бегона, яке аз паҳнгаштатарин афсонаҳо дар байни динҳо ва қавмҳои мухолифанд. Ба ин монанд афсонаро дар аввали асри бист узбакҳо истифода бурда, тоҷиконро пора-пора карда, шаҳрҳои таърихии онҳоро аз худ карданд. Ҳатто ҳоло ҳам узбакҳои радикал ҳар тоҷикеро, ки худро форсизабон меномад, муҳри мулҳидиву зардуштӣ зада, ҳамин афсонаи гуфтаи туро сари онҳо бор мекунанд. Маҳз барои ҳамин ҳоло ҳам "элитаи" сиёсии Тоҷикистон аз номи аслии забони модарии худ - "забони форсӣ" шарм медоранд. Яъне то имрӯз нақши қамчини абераҳои Чингизу Аблайхану Темури Ланг дар мағзи сари онҳо баръало дида мешавад. Озодӣ, чоп кунед.
Хама домангири рахмону авлодаш шавед. мардуми бечора сол то сол сарсону саргардон. авлод бошад пули азмардум ситонидаро намедонад ба кучо сарф кунад. зиндаги дар точикистон аз барои як нафар маънояшро гум кардааст. акнун халки точик аз сафсатахои фабрикаи фиреб натарсида дигаргуни мехохад. фурсате расидааст ки хеч як гунахкор ба хеч кучо гурехта наметавонад. давлатхои абадкудрат аз ин гуна корупсионерхо безор аст. мургхо зери чанголи укобхо мегарадн.)))
Точикистон як заводи зур дорад дар кураи замин. Ягон давлат инхел завод сохта наметонад секретда секрет "ГУЛОМБАРОРИ" китоби мошни хондан даркор ТОЧИКИСТОН БА ПЕШ. БА ПЕШ.БА ПЕШ.
Артиши миллии Точикистон бояд ба биологический аттакахо худро эмин дошта тавона аср асри навай дигар силоху аслиха танку АК кор намия як КОВИД 19 биологический террор буд тамоми чахона на колени шинонд. Шумо бошен дар бораи силоххои асри 19 гап задестен