Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро шарҳ дод


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, бо ишора ба сулҳ ва баҳси дигарбораи ҳукумати Тоҷикистон бо мухолифонаш гуфтааст, “Маскав барои коҳиш додани ташаннуҷ ҳама корро мекунад”.

Лавров дар ин бора рӯзи 25-уми сентябр дар мусоҳибааш бо хабарнигори нашрияи Коммерсант дар шаҳри Ню-Йорк ибрози назар кардааст. Матни ин мусоҳиба рӯзи чаҳоршанбе дар сомонаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия низ нашр шуд.

То ҳанӯз мақомоти Тоҷикистон ба ин ишораи Сергей Лавров вокунише накардаанд.

Ин мақоми баландпояи ҳукумати Русия ба вазъи Тоҷикистон дар мусоҳибааш баъд аз он дахл кардааст, ки хабарнигор аз ӯ дар бораи поён ёфтан ё наёфтани омилҳои низоъ дар ҳавзаи пасошӯравӣ пурсид. Сергей Лавров гуфтааст, “омили низоъ ҳанӯз боқист, ҳарчанд на ба он ҳадде, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ буд.”

Вай дар идома афзудааст, “дар Осиёи Миёна, масалан, соли 1996 (манзур имзои созишномаи сулҳи тоҷикон) пас аз чанд соли музокирот бо ширкати фаъоли Русия ва Эрон имкон даст дод, ки вазъият дар Тоҷикистон миёни ҳукумати дунявӣ ва ҳизби исломӣ танзим шавад. Намояндагони ин ҳизби мухолиф ба ниҳодҳои давлатӣ, ҳукумат ва порлумон ҷалб шуданд. Ҳоло бошад боз аз нав ташаннуҷ пайдо шуд. Мо ҳамаи корҳоро анҷом медиҳем, ки онро коҳиш диҳем ва бартараф созем. Умед дорам, ин ба мо даст медиҳад”.

Вазири корҳои хориҷии Русия дар ин мусоҳибааш бо нашрияи “Коммерсант” ба вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳам дахл кардааст. Ӯ гуфтааст, дар марзи ин ду кишвар бори аввал нест, ки задухӯрд рух медиҳад.

“Задухӯрд як сол, якуним соли пеш ҳам буд. Мо барои ба эътидол овардани вазъият фаъолона саҳм гузоштем. Дар он марҳила мо мепиндоштем, ки ин корро тавонистем. Ҳамкорони қазоқи мо ёрӣ доданд. Мушкил ҳалношуда мондани делемитатсияи марз аст. Ин раванди дуру дарозе аст, тавре дар марзҳои пасошӯравӣ иттифоқ меафтад. То замоне ки Иттиҳоди Шӯравӣ буд, касе таваҷҷуҳ намекард, ки марзҳои маъмурӣ дар миёни деҳаҳо ва шаҳрҳои начандон бузург аз куҷо мегузаранд. Баъд аз соҳибихтиёрии ҳама ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ ҳал ношуда мондани ин масъала аз худ дарак дод”, -- иброз доштааст Лавров.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

Баҳсу гуфтӯгу сари манотиқи боқимонда солҳост идома дорад, вале бенатиҷа. Аз ин сабаб, дар минтақаҳои баҳсталаб ва номуайян сокинон барои обу чарогоҳ, роҳу бозор ҷангу даъво ва борҳо хунрезӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG