Даъвати демократҳо ба эъломи нобоварӣ нисбати президенти ИМА баъди гуфтугӯи телефонӣ бо президенти Украина Владимир Зеленский - "хандаовар" аст. Дар ин бора Доналд Трамп, президенти ИМА дар нишасти матбуотие дар Ню-Йорк изҳори назар кард.
Вай гуфт, муколамааш бо Зеленксий дар таърихи 25-уми июл "олӣ" буд. Маҳз ҳамин муколама боис шуд, ки Палатаи намояндагон раванди эъломи нобоварӣ нисбати президентро шуруъ кунанд.
Трамп бори дигар ноиб-президенти пешини ИМА ва рақиби эҳтимолии интихоботиаш Ҷо Байденро танқид кард. Писари вай Хантер Байден дар Украина фаъолият мекард ва ба гуфтаи президенти ИМА, дар фасодкорӣ даст дорад.
Ба гуфтаи Трамп, Зеленский дар Украина зидди фасод мубориза мебарад. Дар ҳамин ҳол, демократҳо Зеленскийро таҳдид кардаанд, ки дар сурати иҷро накардани шартҳо, кӯмаки молӣ ба Украинаро қатъ хоҳанд кард. Трамп ҷузъиёти ин таҳдидро ошкор накард.
Кохи сафеди Амрико ахиран муколамаи телефонии Трампро бо президенти Украина нашр кард. Бар асоси ин ҳуҷҷат, охири моҳи июл Трамп аз роҳбари Украина хостааст, ки ба фаъолияти ширкати Байдени хурдӣ таваҷҷуҳ кунад. Зеленский гуфт, Киев парвандаро дубора ба баррасӣ мегирад.
Ин ҳолатро бисёре аз демократҳои Конгресс берун рафтан аз салоҳиятҳои президентӣ аз сӯи Трамп унвон мекунанд. Бар ин асос пажуҳиш шуруъ шуда, мумкин аст, ба эъломи нобоварӣ нисбати Трамп хатм шавад.