Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин дар Бухоро бо арзиши $1,8 млрд неругоҳи бодӣ месозад


Дар ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухорои Узбекистон рӯзи 22-юми сентябр сохтмони неругоҳҳои бодӣ шуруъ шуд. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Узбекистон хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, дар доираи амалисозии тарҳи Lioaning Lide маросими насби дастгоҳҳои андозагирии суръати бод баргузор шуд.

Арзиши умумии тарҳ 1,8 миллиард долларро ташкил медиҳад. Маҷмуи неругоҳҳои бодӣ дар майдони 6 ҳазор гектар сохта шуда, 1,5 ҳазор МВт барқ истеҳсол хоҳанд кард. Тарҳ дар се марҳила амалӣ мешавад.

Моҳи майи соли 2017 Узбекистон барномаи рушди манобеи барқароршавандаи энержиро барои солҳои 2017-2025 тасдиқ карда буд.

Соли 2018 Узбекистон бо Русия шартномаи сохтмони неругоҳи ҳастаиро имзо кард.

XS
SM
MD
LG