Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмуд Раҷаб - рӯзноманигори узбекистонӣ 10 рӯз ҳабс шуд


Додгоҳи маъмурии рӯзноманигори узбекистонӣ Маҳмуд Раҷаб ва пайвандону наздиконаш, ки пиёда озими Тошканд буданду мехостанд, бо вазири корҳои дохилии он кишвар мулоқот кунанд, соати 10 шаби рӯзи 23-юми сентябр шуруъ ва соати 4 субҳи 24-уми сентябр ба поён расид.

"Соати 10 шаби рӯзи 23-юми сентябр ҳамаи моро вориди автобус карда, ба додгоҳ бурданд. Мо то субҳ мунтазири қарори додгоҳ будем", - гуфт яке аз пайвандони Маҳмуд Раҷаб.

Додгоҳ Маҳмуд Раҷаб ва блогнависи маҳаллӣ Шабнам Оллашукуроваро 10-рӯзӣ ҳабси маъмурӣ кард. Се марди дигар, ки дар роҳпаймоӣ ширкат доштанд, 70-долларӣ ва ҳафт зан 23-долларӣ ҷарима шуданд.

Маҳмуд Раҷаб, рӯзноманигор ва сокини Хоразми Узбекистон ҳамроҳ бо 20 тан аз наздикону пайвандонаш рӯзи 23-юми сентябр пиёда озими Тошканд шуданд. Онҳо мехостанд, аз "беинтизомӣ ва беқонуние, ки дар вилояти Хоразм ҳукумфармост, ба вазири корҳои дохилии Узбекистон хабар расонанд".

Аммо пулис онҳоро баъди тай кардани 50 километр роҳ боздошт кард.

Пештар хабар дода шуд, ки кормандони пулиси Хоразм рӯзи 21-юми сентябр барои боздошти Маҳмуд Раҷаб ба хонааш рафтанд, вале онҳо ҳангоми боздошт ба муқовимати ҳамсояҳо рӯ ба рӯ шуданд.

"Кормандони милиса бо чаҳор мошин назди хонаи ман омаданд. Аммо ҳамсояҳо бо зарфҳои бензин ва гӯгирд ба кӯча барома, ҷанҷол бардоштанд. Виҷдони ман пок аст", - гуфт ӯ.

Мақомоти Узбекистон Маҳмуд Раҷабро дар талоши ғайриқонунӣ ворид кардани китобҳои роҳбари мухолифон Муҳаммад Солеҳ айбдор мекунанд. Зидди вай дар асоси ду модда парванда боз шуда ва эҳтимоли аз 5 то 10 сол зиндонӣ шуданаш мавҷуд аст.

XS
SM
MD
LG