Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як сокини Конибодом аз заҳролудшавӣ дар Русия


Як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон бар асари заҳролудшавӣ аз гази карбон дар вилояти Волгогради Русия ҷон бохтааст.

Ба иттилои Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, ин сокини шаҳри Конибодоми вилояти Суғд Мирзоҷон Ҳайидов будааст.

Мақомот мегӯянд, муҳоҷири фавтида бо ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар дохили "ҳаммом" барои гарм шудан оташ даргиронда, хоб рафтаанд. Субҳ онҳоро беҳуш ёфтанд ва мошини Ёрии таъҷилӣ даъват кардаанд.

Аммо Мирзоҷон Ҳайидов наҷот наёфт ва дар бемористон аз дунё даргузашт.

Пизишкон мегӯянд, вазъи саломати ду муҳоҷири дигар хуб аст ва ба ҳаёташон хатар таҳдид намекунад. Мақомоти Русия ин ҳодисаро тафтиш мекунанд.

XS
SM
MD
LG