Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис: низои донишҷӯён дар Чимкент ангезаи маишӣ дошт (видео)


Мақомоти пулиси шаҳри Чимкенти Қазоқистон низои байни донишҷӯёни донишгоҳи маҳаллиро шарҳ доданд. Ҳафтаи ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори занозании донишҷӯёни маҳаллӣ бо донишҷӯёни узбекистонӣ нашр шуд.

"Ҳодисаи занозании донишҷӯён дар яке аз донишгоҳҳои Чимкент санҷида шуд. Муайян гардид, ки занозанӣ ангезаи маишӣ дорад", - омадааст дар хабарномаи пулис, ки рӯзи 24-уми сентябр нашр шуд. Ба иттилои пулис, ҳамчунин бо моддаи "Авбошӣ" тафтиш шуруъ шудааст.

Дар навори нашршуда донишҷӯёни соли аввали таҳсил мегӯянд, аз оғози сол мавриди фишор ва тамаъҷӯӣ қарор гирифтаанд. Донишҷӯе аз намояндагони Сафорати Узбекистон дар Қазоқистон дархост мекунад, ки ба қазия дахолат кунанд.

Як донишҷӯ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, баъди занозанӣ чанд донишҷӯ бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шудаанд.

Роҳбарияти донишгоҳ хабар дод, 24 донишҷӯро баъди ин ҳодиса ба идораи пулис бурдаанд. Расонаҳо навиштанд, Сафорати Узбекистон дар Қазоқистон "вазъро зери назорат гирифтааст".

XS
SM
MD
LG