Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узви Ҳизби наҳзат мегӯяд, модарашро ба идораи амният даъват кардаанд


Маҳмудҷон Файзраҳмон

Яке аз намояндагони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мегӯяд, маъмурони амниятӣ модари 63-сола ва ду хеши дигарашро даъват кардаанд. Маҳмудҷони Файзраҳмон, яке аз аъзои фаъоли ҳизб рӯзи 25-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “модарам, тағо ва писари аммаамро субҳи чаҳоршанбе ба идораи амният дар ноҳияи Ҷайҳун даъват кардаанд. Онҳо 4 соат боз дар ҳамонҷо ҳастанд.”

Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани назари мақомот дар ин замина бенатиҷа анҷом ёфт.

Маҳмудҷони Файзраҳмон гуфт, сабаби даъвати наздиконаш ба идораи амният “ҳузур ва суханронии ӯ дар машварати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Варшава аст.”

Маҳмудҷони Файзраҳмон айни замон дар маҳфилҳои машварати солона дар бораи ҳуқуқи инсон ширкат дорад ва дар яке аз нишастҳо ҳукумати Тоҷикистонро барои нақзи ҳуқуқи инсон танқид кард. Машварати солона аз рӯзи 16-уми сентябр оғоз шуд ва дар он ҳайати бузурге аз давлати Тоҷикистон ва ҳам созмонҳои мухолифи давлат ҳузур доранд. Мақомоти расмӣ ҳанӯз хабари даъвати хешовандони Маҳмудҷони Файзраҳмон ба идораи амнияти ноҳияи Ҷайҳунро шарҳ надодаанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Дидбони Ҳуқуқи Башар дар гузашта давлати Тоҷикистонро танқид кардаанд, ки ба хешовандони дигарандешон ва аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ фишор меоранд, то аз ин роҳ онҳоро маҷбур кунанд, ки аз фаъолиятҳояшон даст кашанд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ин иддао асос надорад ва мухолифон бо чунин иддао мехоҳанд, худро ҷабрдида нишон дода ва “имтиёзи сиёсӣ” ба даст оранд.

Давлати Тоҷикистон соли 2015 баъди ошӯби нофарҷом ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъ, Ҳизби наҳзати исломиро созмони ифротгаро ва террористӣ номид ва фаъолияташро қатъ кард.

Даҳҳо нафар аз аъзои фаъоли ҳизб, аз ҷумла Маҳмудҷони Файзраҳмон ба хориҷ аз Тоҷикистон фирор карда, паноҳгоҳ ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG