Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар соҳилҳои Овозаи Туркманистон ба занҳо иҷозаи оббозӣ намедиҳанд


Дар соҳилҳои Овозаи Туркманистон соли ҷорӣ ба занҳо ва духтарон иҷозаи оббозӣ бо либоси махсуси оббозиро надоданд.

"Дар сурати оббозӣ кардан занҳоро боздошт ва наздики 55 доллар ҷарима мекунанд. Ба занҳову духтарон соли ҷорӣ имкон надоданд, ки истироҳати хуб дошта бошанд", - гуфт хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи вай, пулиси махсусе либоси занҳоро дар соҳил назорат мекунад. Мавсими оббозӣ дар соҳили Овоза то миёнаҳои моҳи октябр давом мекунад.

Ҳамакнун занҳо шикоят доранд, ки маҷбуранд, бо либоси танашон вориди об шаванд ва ба ин тартиб аз шино кардан маҳрум шудаанд.

Минтақаи сайёҳии Овоза дар Туркманистон яке аз тарҳҳои амаликардаи президенти он кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба ҳисоб меравад. Миллиардҳо доллар дар ин тарҳ харҷ шуда, аммо ба далели роҳ надодани сокинони маҳаллӣ ба ин минтақа ва кам будани сайёҳони хориҷӣ, меҳмонхонаҳо ва истироҳатгоҳҳои Овоза бештари вақт холӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG