Як ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул бо роҳбарии Падамҷа Хандевал ба Тоҷикистон омадааст.
Ин ҳайат рӯзи 23-юми сентябр бо вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода мулоқот кард. Мақомот мегӯянд, ҷонибҳо “дар бораи нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ, ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ва сатҳи таваррум суҳбат доштанд”.
Дафтари матбуоти вазорат дар бораи ҷузъиёти ин дидор маълумот надодааст. Аммо имсол бори дувум аст, ки ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул бо роҳбарии Падамҷа Ханделвал ба Тоҷикистон меояд.
Душанбе умед дорад, ки бо анҷом додани гуфтугӯҳо аз ин ниҳоди байналмилалии молӣ 220 миллион доллар қарз дарёфт бикунад.
Пас аз моҷарои "пешниҳоди иттилои бардурӯғ" ва "истифодаи ғайримақсадноки" қарзҳои Сандуқи Байналмилалии Пул аз соли 2009 ин созмон барои Тоҷикистон барномаи наверо тасдиқ накардааст. Тақрибан даҳ сол боз кишвар аз қарзу грантҳои ин созмон бенасиб аст.
Сандуқи Байналмилалии Пул танҳо дар соли 2017 барои дубора оғоз кардани барномаҳояш ибрози омодагӣ карда, дар иваз дар назди Тоҷикистон 15 шарт гузошт. Шартҳои созмон марбут ба ислоҳот дар иқтисоду сохтори бонкӣ ва қонунгузорӣ буд.
Аз ҷумла, коршиносони созмон аз Тоҷикистон хостанд, ки "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-ро муфлис эълон кунад ва ба ширкатҳои алоҳида имтиёз надиҳад. Инчунин, мутахассисони Сандуқи байналмилалии пул бо ин, ки аз бунёди нерӯгоҳи Роғун пуштибонӣ мекунанд, маблағгузорӣ шудани ин тарҳ аз ҳисоби буҷетро машварат намедиҳанд.
Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон нахуст гуфта буданд, ки ният доранд аз ин созмон 500 миллион доллар қарз гиранд. Аммо коршиносони СБП пас аз арзёбии вазъи молӣ ва тавони пардохтпазирии Тоҷикистон хулоса карданд, ки кишвар наметавонад аз 220 миллион доллар бештар вом бигирад.