Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нобаробарӣ ва муҳоҷират. Мушкили сахти кӯдакони тоҷик. ВИДЕО


Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ё ЮНИСЕФ дар гузориши нави худ нобаробарии иҷтимоӣ ва муҳоҷиратро мушкили сахти кӯдакон дар кишварҳое ба монанди Тоҷикистон тасвир кардааст.

Соли гузашта Бонки Ҷаҳонӣ муайян карда буд, ки мизони нобаробарии иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дар минтақа аз ҳама болост ва фарқи байни дорову нодор дар кишвар торафт бештар мешавад. Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, феълан тақрибан 30 дарсади аҳолӣ нодор аст.

Ҳенриетта Фор, мудири иҷроияи ЮНИСЕФ мегӯяд, дар шаҳрҳо хадамоти иҷтимоӣ ва имкони зиндагии беҳтар вуҷуд дорад, вале нобаробарӣ байни синфи дорову нодор ба ҳаддест, ки шароити кӯдаконро ҳатто аз деҳа бадтар мекунад. Барои мисол, бар асоси гузориши нави Бунёди атфол, "кӯдакони камбизоати шаҳр дар муқоиса ба кӯдакони камбизоати деҳа имкони хеле кам доранд, ки синфҳои ибтидоиро ба поён расонанд."

Фирӯз 16-сола аст ва ҳашт сол пеш модараш барои беҳтар кардани зиндагӣ ӯ ва аъзои дигари оиларо аз ноҳияи дурдасти Панҷи вилояти Хатлон ба Душанбе овард. "Бовар дошт, ки дар шаҳр кор бисёр аст ва мо метавонем рӯзгори худро пеш барем. Падарам аз мо ҷудо шуда буд", -- нақл кард Фирӯз ба хабарнигорони мо.

Аммо аз як тараф муҳити ноошнои шаҳр ва аз тарафи дигар тангдастӣ рӯзгори ин навраси деҳотӣ ва аъзои дигари оилаашро сахттар кардааст. Фирӯз гуфт, наметавонист мисли баъзе аз ҳамсолонаш ҳар рӯз либоси наву шинам ба бар кунад: "Гоҳе бо як курта тамоми сол ба мактаб мерафтам. Албатта, фарқ байни ману баъзе аз ҳамсолонам зиёд буд. Намегӯям, ки ҳамаи онҳо доро буданд, аммо имкони хуб гаштан ва хуб зиндагӣ карданро доштанд. Дар аввал мехостам дар литсей хонам. Азбаски шароит набуд, ба мактаби ҳамагонӣ рафтам."

Нобаробарӣ роҳи ӯро баъд аз синфи нуҳум ба мактаб баст ва Фирӯз кор дар бозорро интихоб кард. Ҳоло бо дучархаи худ аз дӯкони нонпазӣ ба фурӯшандагони бозор нон мекашонад ва дар як рӯз аз 30 то 50 сомонӣ ба даст меорад. Маоше, ки ба гуфтаи ӯ боз ҳам дар муқоиса ба даромади афроди доро хеле ночиз аст.

"Бародарам ба Русия рафт ва ман ҳам тарки мактаб кардам, то зиндагиро пеш барем. Орзу доштам, ки пизишк шавам. Орзуям дар ними роҳ монд. Фикр мекунам, ҳанӯз дер нашудааст ва баробари даст додани имкон шанси худро хоҳам санҷид", -- мегӯяд ӯ.

Дар гузашта ҳодисаҳое расонаӣ шуда буданд, ки чанд наврас дар пайи нобаробарии иҷтимоӣ ва таҳқиру тавҳин аз ҷониби ҳамсолони худ даст ба худкушӣ ва ё латту кӯбу ҷиноят задаанд.

Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:

"Гоҳе бо як курта тамоми сол ба мактаб мерафтам". Ду мушкили сахти кӯдакони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

Коршиносон мегӯянд, дар Тоҷикистон синфи миёна дар ҳоли "гум" шудан аст ва дар як паллаи тарозу афроди доро ва дар паллаи дигар афроди нодор истодаанд, ки вазни аввалӣ зиёдтар аст.

Як ҳамсуҳбати мо гуфт, "мақомот эътироф намекунанд, ки фарқи байни дорову нодор зиёд аст. Агар эътироф кунанд, пас, суол ба миён меояд, ки сарватмандон киҳо ҳастанд? Сарватро дар куҷо андӯхтанд? Дар ҳоле ки маош хеле кам аст ва тиҷорат чандон равнақ надорад ва солҳои ахир бисёре аз соҳибкорон ба сабаби гаронии андозу санҷишҳои зиёд аз тиҷорат даст кашидаанд."

Мақомот фақри густарда ва шикофи амиқ байни сарватмандон ва камбизоатонро рад мекунанд. Онҳо мегӯянд, ҳоло сӣ дарсади аҳолии беш аз нӯҳмиллионнафарии Тоҷикистон нодор ҳастанд ва барномаҳои вижа барои поин овардани мизони камбизоатӣ дар кишвар ҳамоно мавриди иҷрост.

Аммо ин танҳо мушкиле нест, ки ба навиштаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милал зиндагии кӯдаконро талху сангин кардааст. Ин созмон муҳоҷиратро низ аз дардисари дигари кӯдакон ном бурдааст.

Солҳои ахир баъзе аз сокинони Тоҷикистон дар суроғи зиндагии беҳтар ба мисли хонаводаи қаҳрамони гузориши мо Фирӯз аз деҳа ба шаҳр ва ё ба Русия ва кишварҳои дигар мекӯчанд. Агар дар гузашта танҳо мардон барои корҳои мавсимӣ ва тиҷорат ба Русия мерафтанд, ҳоло бештари онҳо зану фарзандони худро низ мебаранд.

Дар гузориши ЮНИСЕФ гуфта мешавад, аз як ҷо ба ҷойи дигар кӯчидан барои кӯдакон осон нест. Наимҷон Абдурашидов, корманди Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон низ тасдиқ кард, ки раванди муҳоҷиратро кӯдакон ба сахтӣ мегузаронанд.

"Арзишҳои иҷтимоие, ки дар ин ё он муҳити нав барои онҳо ношиносанд, ба кӯдак фишор меоранд. Дар баробари ин, боз дар таълим ё муносибат дар ҷомеа ба онҳо монеаҳои зиёди психологиро пеш меорад", -- шарҳ дод ӯ.

Бунёди атфоли Созмони Милал ба кишварҳои дар ҳоли рушд тавсия додааст, ки аз мушкили муҳоҷирати маҷбурии кӯдакон ҷилавгирӣ карда, барои онҳо дар маҳалли таваллудашон шароити зиндагии беҳтару бехатарро фароҳам биёранд, то кӯдакон ба таҳсили босифат ва ояндаи хуб таъмин бошанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба ҳисоби онҳо соли гузашта тақрибан ним миллион нафар ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд, ки ҳабдаҳ дарсади онҳо зан ҳастанд. Омбудсмени кӯдак дар Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи муҳоҷирати кӯдакон ҳанӯз омӯхта нашудааст. Вале Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар гузориши соли гузаштааи худ эътироф кардааст, ки "муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои қабул ҳангоми ҷойгир намудани фарзандон ба кӯдакистону мактабҳо ба мушкил дучор мешаванд."

XS
SM
MD
LG