Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли гузашта дар минтақаҳои ҷангӣ 29 миллион кӯдак таваллуд шудааст


Ба иттилои Бунёди атфоли СММ (ЮНИСЕФ), дар соли гузашта дар минтақаҳои ҷангии дунё, аз ҷумла дар Афғонистон, Сомалӣ, Судони Ҷанубӣ, Сурия ва Яман бештар аз 29 миллион тифл таваллуд шудааст.

Дар гузорише, ки рӯзи 20-уми сентябр аз сӯи созмони мазкур нашр шуд, омадааст, ин рақам аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳар панҷумин кӯдаки дар соли гузашта таваллудшуда нахустин лаҳзаҳои ҳаёти худро дар ҷомеаҳои бесубот, ноамн ва дорои шароити шадиди изтиробарангез пушти сар кардааст.

Генриетта Форе, мудири иҷроияи ЮНИСЕФ гуфт, дар бисёре аз кишварҳои дар ҳоли низоъ дастрасии модару кӯдак ба хидматрасониҳои аввалияи ҳаётӣ маҳдуд аст.

"Ҳар кадом падару модар бояд дар шароите қарор дошта бошад, ки аввалин лаҳзаҳои ба дунё омадани фарзанди худро қадр карда тавонад. Аммо миллионҳо хонавода, ки дар минтақаҳои низоъ зиндагӣ доранд, шароити даҳшатбореро таҳаммул мекунанд", - гуфт Генриетта Форе.

XS
SM
MD
LG