Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони пешини Узбекистонро дубора ба боздоштгоҳ бурданд


Отабек Муродов

Собиқ додситони кулли Узбекистон Отабек Муродов, ки дар ҳабси хонагӣ буд, рӯзи 18-уми сентябр дар доираи парвандаи раиси пешини Хадамоти амнияти давлатии ин кишвар Ихтиёр Абдуллоев ба бозпурсӣ даъват шуда, феълан дар боздоштгоҳи муваққатӣ мемонад.

Дар ин бора як манбаи наздик ба рафти тафтишот хабар дод. Намояндаи расмии маъмурияти президенти Узбекистон низ иттилоъро тасдиқ кард.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳукми ҳабси хонагии Отабек Муродов тағйир дода шудааст. Як манбаи наздик ба Вазорати адлияи Узбекистон гуфт, Муродовро рӯзи 19-уми сентябр аз идораи тафтишотии Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон ба боздоштгоҳи муваққатии ин ниҳод бурдаанд.

Худи Отабек Муродови 44-сола дар "сӯистифода аз мақом", "порагирӣ" ва "порадиҳӣ" айбдор мешавад. Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон пештар дар як ҷаласа хабар дод, ки нисбати Отабек Муродов парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

"Инро чи хел фаҳмем? Ба маҳзи он ки мансаб мегиранд, тағйир меёбанд. Аз додситонҳои вилоятӣ то 100-150 ҳазор доллар пора талаб мекунанд. Ҳамаи кормандони додситонӣ ва андоз порахӯранд. Ман дар ин бора огоҳӣ дорам. Ман ба Муродов эътимод доштам", - гуфт Мирзиёев.

Президент афзуд, ҳамаи роҳбароне, ки нисбаташон парванда боз шудааст, муҷозот хоҳанд шуд.

Гузоришҳои видеоӣ

Гуфтанд ба мо. "Чӣ гуна мешавад "облава"-ро аз байн бурд?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:49 0:00
XS
SM
MD
LG