Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати "Human" 700 сокини Узбекистонро фиреб додааст


Вазорати меҳнати Узбекистон рӯзи 18-уми сентябр гуфт, иҷозатномаи фаъолияти ширкати хусусии "Human xususiy bandlik agentligi"-ро, ки бо ваъдаи кор дар Олмону Чехия аз сокинон пул гирифта, дубора барнагардондааст, муваққатан бекор кард.

Ин ниҳод ҳамчунин ширкати мазкурро вазифадор кардааст, ки дар муҳлати 10 шабонарӯзи оянда пули сокинонро баргардонад. Дар сурати ғайр, барои ҳамеша аз ҳаққи фаъолият маҳрум хоҳад шуд.

Оҷонси "Human" дар шаҳри Тошканд ваъда дода буд, пули 700 касеро, ки натавонист ба Олмону Чехия фиристад, 16-уми сентябр бармегардонад. Вале ширкат ваъдаи худро иҷро накард ва ҳудуди 70 нафари ин кормандон маҷбур шуданд, 17-уми сентябр ба мақомоти Узбекистон муроҷиат кунанд.

Масъулони ширкат мегӯянд, мақомоти Олмон ва Чехия барояшон раводид (виза)-и корӣ надоданд ва бинобар ин, онҳо натавонистанд шаҳрвандони Узбекистонро ба он кишварҳо фиристанд.

Шаҳрвандони Узбекистон барои ба муҳоҷирати корӣ ба Олмон рафтан 35-миллионсӯмӣ (3700-долларӣ) додаанд.

Гузоришҳои видеоӣ

XS
SM
MD
LG