Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ ҳабси ду "иштирокчии гирдиҳамоии ғайриқонунӣ"-ро бетағйир гузошт


Додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Алматои Қазоқистон ҳукми додгоҳи поёниро дар бораи ҳабси 10-рӯзии ду сокини шаҳр бо айби иштирок дар "гирдиҳамоии ғайриқонунӣ"-ро бе тағйир боқӣ гузошт.

Айдос Базорхонови 22-сола ва Асхат Жексебоеви 46-сола рӯзи 4-уми сентябри соли ҷорӣ дар гирдиҳамоие ширкат карданд, ки дар назди бинои ҳукумати Алмато баргузор шуд.

Додгоҳ гуфт, ҳама гуна гирдиҳамоиро бояд бо мақомоти маҳаллӣ ҳамоҳанг кард. Ба гуфтаи додгоҳ, ин ду сокин гирдиҳамоии худро ҳамоҳанг накарданд.

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 4-уми сентябр даҳҳо сокин ба ҷонибдорӣ аз сокинони Жанаозен ба кӯча баромаданд. Сокинони Жанаозен дар остонаи сафари президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ба Чин, зидди ҳамкориҳо бо ин кишвар эътироз карданд. Чунин гирдиҳамоиҳо дар шаҳрҳои дигари Қазоқистон низ барпо шуданд. Бо гузашти ду ҳафта аз он ҳодиса бархе аз ширкатдорони гирдиҳамоиҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуданд.

XS
SM
MD
LG