Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА Эдвард Сноуденро ба додгоҳ кашид


Баъди нашри китоби Эдвард Сноуден, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зидди муаллиф ба додгоҳ шикоят бурд.

Мақомоти амрикоӣ мехоҳанд, монеи дарёфти ҳаққи заҳмати Сноуден, кормандеи пешини Оҷонсии амнияти миллии Амрико шаванд.

Дар варақаи иттилоотии Вазорати адлияи ИМА омадаст, ки Амрико талош надорад, бо ин роҳ монеи нашри китоб шавад, балки мехоҳад, даромад аз нашр ва фурӯши китоб ба буҷаи давлатии ИМА ворид шавад. Вазорат гуфтааст, шикояташро бо шартномаи Сноуден байни Оҷонсии амнияти миллӣ ва Раёсати марказии иктишофӣ дар бораи ифшо накардани асрори хизматӣ асоснок мекунад.

Ба илова, дар шикоят омадааст, ки Сноуден - бо вайрон кардани уҳдадориҳояш - китобро бидуни ҳамоҳангӣ бо Оҷонсии амнияти миллӣ ва Раёсати марказии иктишофӣ нашр карда, суолҳои марбут ба иктишофи Амрикоро бидуни мувофиқа шарҳ додааст.

Вазорат ба ҷуз аз Сноуден шахсони ҳуқиқии дигареро ҳам ба ҷавобгарӣ кашидан мехоҳад, ки дар нашри китоб саҳм гузоштаанд. Ёддоштҳои Сноуден таҳти номи "Парвандаи шахсӣ" рӯзи 17-уми сентябр якбора дар 20 кишвар нашр шуд.

Дар китоб корманди пешини Оҷонсии амнияти миллии ИМА дар бораи истифодаи усулҳои электронии таъқиби ҳамватанон ва шаҳрвандони хориҷӣ, ҳатто роҳбарони давлатҳо, аз сӯи мақомоти амрикоӣ нақл мекунад. Вай шарҳ додааст, ки чи гуна дар таъсиси ин усул ё низом кумак карда ва чаро дар соли 2013 аз Амрико фирор кард. Ин парвандаи маъмурӣ аз парвандаи ҷиноӣ ҷудо аст, ки зидди Сноуден барои ифшои асрори давлатии ИМА боз шудааст.

Эдвард Сноуден дар соли 2013 баъди он маъруф шуд, ки асрори давлатии ИМА, барномаи иктишофии мақомоти қудратии амрикоиро дар ихтиёри расонаҳо гузошт. ИМА нисбати вай чанд айб эълом кард, ки маҷмуи айбҳо то 30 соли зиндонро пешбинӣ мекунанд. Мақомоти Русия ба Сноуден паноҳгоҳ доданд. Президенти ИМА Доналд Трампро Сноуденро "хоин" унвон кард.

XS
SM
MD
LG