Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ даъват дорад, ҳабси умрбоди қотили рӯзноманигори украин бекор нашавад


Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон (Committee to Protect Journalists, CPJ) рӯзи 16-уми сентябр аз он "изҳори нигаронии амиқ" кард, ки мумкин аст, ҷазои қотили рӯзноманигори украин Георгий Гонгадзе - генерали милисаи Украина Алексей Пукачро сабук карда, ҳукми ҳабси якумриро бекор созанд.

Алексей Пукач, ки замоне мақомдори яке аз ниҳодҳои Вазорати корҳои дохилии Украина буд, моҳи январи соли 2013 дар қатли рӯзноманигор Георгий Гонгадзе айбдор шуд. Рӯзноманигор 16-уми сентябри соли 2000-ум нопадид шуд. Баъди ду моҳ ҷасади бе сари вай дар ҷангале дар наздикии шаҳри Тараши вилояти Киев пайдо шуд.

Пукач давоми чандин сол нишондодҳои ба ҳам зид медод. Шаш соли охир вай талош дорад, ки ҳабси абадаш бекор шавад. Ҷаласаи навбатии додгоҳии парвандаи вай 9-уми октябр дар Додгоҳи олии Украина баргузор мешавад.

"Бо гузашти 19 сол аз қатли ваҳшиёнаи Гонгадзе эҳтимоле вуҷуд дорад, ки қотили ӯ ба озодӣ барояд. Мақомоти Украина бояд ба ин роҳ надиҳанд, ки қотили рӯзноманигор бе ҷазо монад. Адолат бояд таъмин шавад ва роҳбарон ҳам бояд ба ҷавобгарӣ ҷалб шаванд", - гуфт Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои CPJ.

Пукач дар додгоҳ гуфта буд, ки ба ӯ вазири пешини корҳои дохилии Украина Юрий Кравченко дастури қатли рӯзноманигорро дод.

XS
SM
MD
LG