Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, ”ба назар мерасад Эрон ба саудиҳо ҳамла кардааст. Вокуниш омода мешавад”


Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 16 сентябр гуфт, ки ҳарчи бештар “ба назар мерасад”, ки дар пушти ҳамлаи ахир ба муассисаҳои нафтии Арабистони Саудӣ Эрон қарор дорад. Айни замон ӯ гуфт, ки ҳанӯз хулоса кардан дар ин замина барвақт аст. Ӯ инчунин гуфт, ки ИМА хостори ҷанг нест, вале омода аст, ки ба кишвари муттафиқи калидиаш дар Халиҷ баъди мушаххас шудани шахсияти масъули ин ҳамла мусоидат кунад.

“Ман бо касе ҷанг карданӣ нестам, вале мо омода ҳастем”, гуфт Трамп ба хабарнигорон дар Вашингтон. Трамп гуфт, ки қабл аз ҳама гуна ҳамла ИМА бо муттафиқонаш дар Халиҷ ва Аврупо машварат хоҳад кард.

Котиби давлатӣ Майк Помпео масъулияти ҳамла ба муассисаҳои нафтиро ба дӯши Эрон вогузор кард. Дар изҳороти вазири дифоъ Майк Эспер рӯзи 16 сентябр гуфта шуд, ки бар асоси аксҳои маҳвораӣ ба ин хулоса омадаанд, ки дар пашти ҳамлаҳои 14 сентябр Эрон истодааст. Эрон ин иттиҳомотро рад кардааст. Қаблан шӯришиёни Ҳутӣ дар Яман, ки аз ҷониби Эрон пуштибонӣ мешаванд, гуфтанд, ки ин ҳамларо бо истифода аз дрон анҷом додаанд.

XS
SM
MD
LG