Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон қонун "Дар бораи қабули Созишномаи Нахчиван оид ба таъсиси Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон"-ро имзо кард.
Шӯрои туркон моҳи октябри соли 2009 таъсис шуд.
Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия 13-уми сентябр хабар дода буд, ки Узбекистон тасмим дорад, ба Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон шомил шавад.
Роҳбарияти Узбекистон, яке аз шаш кишвари туркзабони ҷаҳон, то соли 2018 дар ҳеҷ кадом аз мулоқотҳои сатҳи олии кишварҳои туркзабон ширкат накарда буд.
Дар саммити Шӯро дар Чолпон-Отаи Қирғизистон рӯзи 3-юми сентябри соли 2018 Шавкат Мирзиёев ба ҳайси меҳмони фахрӣ ширкат дошт.