Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири тиҷорати Туркманистон баъди барканорӣ ба зиндон рафт


Амондурдӣ Ишонов дар ҳангоми иқрори телевизиониаш ба фасодкорӣ

Вазири тиҷорат ва равобити савдои берунаи Туркманистон Амондурдӣ Ишонов баъди чанд рӯзи аз мақом барканор шуданаш бо иттиҳоми коррупсия ба мӯҳлати номуайян ба зиндон андохта шуд.

Телевизиони давлатии кишвари шадидан назоратшавандаи Туркманистон рӯзи 13 сентябр навори чанд марди завлонабадаст, аз ҷумла Ишоновро намоиш дод, ки дар фасодхорӣ иқрор мешаванд. Дар ин гузориши видеоӣ ҷаласаи ҳукуматӣ намоиш дода шуд, ки дар он додситони кулл Ботир Атдаев дар бораи боздошти гурӯҳи фасодкорон гузориш дода мегӯяд, ки маъракаи зиддифасод, ки аз ҷониби президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов роҳандозӣ шуд, бомуваффақият ба анҷом расид.

Ишонов гуфт, ки дар давоми чанд соли охир ҳамроҳ бо як соҳибкори маъруф Чоримуҳаммед Кулов ва чандин раҳбари дигари корхонаҳои саноатӣ даст ба ҷиноятҳои марбут ба фасод задааст. Бо ин вуҷуд, ки дар гузориши телевизионӣ дар бораи ба мӯҳлатҳои зиндон маҳкум шудани ин нафарон гузориш шуд, ҳеҷ иттилое дар заминаи мурофиаҳои додгоҳӣ ва ҳам ҷузъиёти марбут ба ҳукмҳои зиндони онҳо нашр нашуд.

саҳнае аз иқрори муттаҳамон дар фасод, ки дар миёни онҳо вазири собиқи тиҷорат ва соҳибкорон мебошанд
саҳнае аз иқрори муттаҳамон дар фасод, ки дар миёни онҳо вазири собиқи тиҷорат ва соҳибкорон мебошанд


Вале чандин нафаре аз дохили Туркманистон ба бахши туркмании Радиои Озодӣ ба шарти ифшо нашудани номашон гуфтанд, ки иқрори мақомдорон дар фасодкорӣ ба як саҳнасозии мақомот ва намоиши гӯё муборизаи онҳо бо фасод монанд буд.

Иқтисоди Туркманистон солҳои охир мушкилоти зиёде пушти сар мекунад ва мақомот мегӯянд, ки сабаби чунин вазъ дар фасоди густурда аст. Чандин моҳ аст, ки дар Туркманистон мушкили дастрасӣ ба захираҳои ғизо эҳсос мешавад. Коршиносон мегӯянд, ки созишномаҳои номуваффақи энержӣ ва нархи пасти гази табиӣ дар бозори ҷаҳонӣ, ки даромади аслии буҷаи Туркманистонро ташкил медиҳад, сабаби чунин вазъ шудааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Гуфтанд ба мо. "Чӣ гуна мешавад "облава"-ро аз байн бурд?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:49 0:00
XS
SM
MD
LG