Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адвокатҳои Тоҷикистон раиси худро интихоб мекунанд


Анҷумани Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон 16 сентябри соли 2019
Анҷумани Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон 16 сентябри соли 2019

Вакилони дифоъ 16-уми сентябр дар як нишаст дар шаҳри Душанбе раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистонро интихоб мекунанд.

Саидбек Нуриддинов, раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон аз соли 2015 ва пас аз таъсиси ин созмон роҳбари он мебошад. Роҳбари ин созмони ҷамъиятӣ барои чаҳор сол аз сӯи вакилони дифоъ интихоб мешавад. Сад вакил рӯзи 16-уми сентябр дар театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бояд раиси нави Иттифоқи адвокатҳоро интихоб кунанд.

Вакилони дифоъ дар ҳоле раиси худро интихоб мекунанд, ки шикоятҳо аз фишор болои инситути адвокатура бештар мешаванд. Ҳафтаи гузашта Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон аз фишор болои як гуруҳ аз вакилони дифоъ дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, аз мақомот хост фишор болои вакилони дифоъро қатъ кунанд. Инчунин ду вакили дифои маъруф Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ба муҳлатҳои тӯлонӣ дар зиндон ҳастанд ва ҳукми онҳо ҳамеша аз сӯи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ интиқод шудааст.

Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон созмони ҷамъиятӣ буда, ҳама вакилони дифоъ муваззафанд узви он бошанд. Ин созмон феълан кори 850 вакили дифоъро танзим мекунад.

Иттифоқи адвокатҳо моҳи сентябри соли 2015 ва дар пайи қабули қонуни баҳсбарангези дар бораи "Адвокатура" ташкил шудааст. Бо қабули қонуни нав, вакилони дифоъ муваззаф шуданд, ки дар назди Вазорати адлия имтиҳон супорида, мақоми адвокатӣ бигиранд.

Тағйирот ба қонуни "Адвокатура" ба гуфтаи мунтақидон, мушкилот ва маҳдудияти кори вакилони дифоъро бештар кард. Ҳаққи назорати кори онҳо ба дасти Вазорати адлия дода шуд ва дар нахустин санҷиши тахассусӣ беш аз се ҳазор вакили дифоъ, бар асоси маҳдудиятҳои қонуни нав аз шуғли худ маҳрум шуданд. Аз ҷумла вакилоне, ки ошкоро сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекарданд ва дар парвандаҳои пурсарусадо вакили афроди муттаҳам ба ҷиноят буданд.

Ҳоло дар Тоҷикистони беш аз 9 миллион нафарӣ танҳо 850 адвокат ҳақ доранд, ба корафтодагон хидмат расонанд. Яъне барои ҳар як вакил 11 ҳазор нафар рост меояд.

XS
SM
MD
LG