Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Оҷонсии зиддифасод хостанд, вакилони дифоъро ором гузорад


Абдулазиз Абдураҳмонзода

Ду созмони ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Оҷонси зиддифасод дар Тоҷикистон хостаанд, ки фишор болои вакилони мудофеъро бас кунанд.

Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон (Женева) ва Эътилофи зидди шиканҷа (Тоҷикистон) дар изҳороте расмӣ гуфтанд, баъд аз эълони омодагии 15 вакили мудофеъ барои ҳимоят аз ҳамкорашон Абдулазиз Абдураҳмонзода таъқибу фишор ба онҳо афзудааст.

Абдураҳмонзода ба қаллобӣ муттаҳам аст ва феълан ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ аст. Ӯ мегӯяд, пешниҳоди маъмурони Оҷонсии зиддифасодро барои ба даст афтондани як додрасро қабул накард ва ба ин ҳол гирифтор шуд.

Мақомоти Оҷонси зиддифасод чунин иддаоро рад карда, мегӯянд, баррасии парванда идома дорад ва ба зудӣ "мӯйро аз хамир ҷудо мекунанд". Онҳо ҳамагуна фишор ба вакилони мудофеъро бепоя хонданд.

Аммо Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон рӯзи 10-уми сентябр дар изҳорот гуфтааст, ба иттилои онҳо раёсати Оҷонси зиддифасод дар Душанбе ба ҷамъоварии маълумот дар бораи Саидбек Нуриддинов, раиси Иттифоқи адвокатҳо оғоз кардааст. Нуриддинов аз ҳуқуқи Абдулазиз Абдураҳмонзода ҳимоят мекунад.

Дилшод Ҷӯраев, намояндаи Комиссия ба Радиои Озодӣ гуфт, "Оҷонсӣ мехоҳад 15 вакили дифоъро, ки аз ҳаққи Абдулазиз Абдураҳмонзода ҳимоят мекунанд, тарсонад”.

Вай афзуд, "дар таҷриба чунин рафтори Оҷонсӣ бо адвокатҳои дигар мушоҳида шуда буд. Масалан, бо Шуҳрат Қудратов ва Нуриддин Маҳкамов. Оҷонсӣ беҳуда дар бораи ин ё он вакили дифоъ маълумот ҷамъ намеоварад. Аз суҳбат бо Саидбек Нуриддинов фаҳмидам, ки онҳо мехоҳанд зидди ӯ низ парванда боз кунанд."

Дар Оҷонси зиддифасоди Тоҷикистон гуфтанд, таҳқиқи ҳодиса идома дорад ва барои халал нарасонидан ба кори тафтишот ҷузъиёт намедиҳанд. Як масъули дафтари матбуоти ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, “баъд аз анҷоми таҳқиқ мумкин аст, чизе бигӯем. Ҳоло сирри тафтишот аст.”

Як ҳафта пеш Эътилофи зидди шиканҷа аз фишору таҳдид ба вакили мудофеъ Абдулазиз Абдураҳмонзода ва раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон Саидбек Нуриддинов хабар дода буд. Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон мегӯяд Абдулазиз Абдураҳмонзода барои он ки гӯиё талаби кормандони Оҷонси зиддифасодро дар бораи "пора" додан ба як додрасро рад кард, шиканҷа шудааст. Иддаое, ки масъулони Оҷонсӣ рад ва баръакс вакили дифоъро ба қаллобӣ муттаҳам мекунанд.

Ҳодиса бо Абдураҳмонзода моҳи апрели имсол рух дод. Дар нусхаи қарор дар бораи оғози парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ӯ гуфта мешавад, “адвокате бо номи Абдулазиз бо шикояти Саймурод Саидов, як сокини ноҳияи Варзоб, боздошт шудааст”. Ба қавли мақомоти Оҷонсӣ, вакили мудофеъ "бо истифода аз мақоми хидматиаш аз Саймурод Саидов барои ҳалли баҳси шаҳрвандӣ оид ба барқарор намудани зарари расонидашуда ба маблағи 500 доллар талаб намудааст".

Дар ин санад дар бораи шиканҷа шудан ё нашудани Абдулазиз Абдураҳмонзода чизе гуфта нашудааст. Додситонии шаҳри Душанбе дар посух ба дархости вакилони мудофеъ шиканҷа шудани Абдулазиз Абдураҳмонзодаро рад кардааст. Ин дар ҳолест, ки дар як санади Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ-судӣ аз 18-уми апрели имсол омадааст, дар бадани Абдураҳмонзода "шикасти сараки дандон"-ро мушоҳида карданд.

Саидбек Нуриддинов, раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон пештар гуфта буд "иддаои мақомот дар бораи даст ба қаллобӣ задани вакили мудофеъ асос надорад". Зеро Абдулазиз Абдураҳмонзода, ба гуфтаи ӯ, бар асоси шартномаи имзошуда аз муштарӣ ҳаққи кор гирифтааст ва "қонун инро манъ намекунад".

Абдулазиз Абдураҳмонзода 27 сол дошта, чаҳор сол боз ба ҳайси вакили дифоъ кор мекунад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, солҳои охир дар Тоҷикистон фаъолияти вакилони мудофеъ мушкил шудааст. Ду соли пеш баъд аз имтиҳони Вазорати адлияи Тоҷикистон тақрибан якуним ҳазор вакили дифоъ ҳаққи фаъолиятро аз даст доданд. Ҳоло 800 нафар мақоми вакили мудофеъро соҳиб шудаанд.

Тоҷикистон баъди чунин "аттестатсия" зери танқиди сахти созмонҳои ҳомии ҳуқуқ қарор гирифт, ки гуфтанд, мақомот бо ҳамин баҳона хостанд, аз вакилони дигарандеш халос шаванд. Чанд вакили дифоъ, ки аз ҳаққи мухолифони давлат ҳимоят мекарданд, ё ҳукуматро ошкоро танқид кардаанд, паси панҷара рафтаанд.

Бар асоси қарори ҳукумат то охири сол бояд тарҳи нави қонун дар бораи фаъолияти вакилони мудофеъ омода шавад. Тағйир ва ислоҳи қонун яке аз тавсияҳои асосии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳукумати Тоҷикистон аст, ки имсол ҳукуматро барои бархӯрд бо адвокатҳо сахт танқид кард.

Шарҳҳоро бинед (6)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG