Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ИМА 50 ҳазор корманди General Motors корпартоӣ мекунанд


Иттифоқи касабаи ронандагони ИМА рӯзи 15-уми сентябр гуфт, 49 ҳазор корманди ширкати General Motors нимашаби якшанбе даст ба корпартоӣ хоҳанд зад.

Гуфтугуҳои кормандон бо раҳбарияти корхона ба бунбаст кашида шудааст. Ба иттилои хабаргузории Reuters, ин нахустин корпартоии умумимиллии кормандони General Motors тайи 12 соли ахир аст.

Пештар, рӯзи якшанбе 850 нафаре, ки ба ҳайати кормандони General Motors хидмат мерасонданд, даст ба корпартоӣ заданд.

Иттифоқи касабаи мазкур бо тасмими ширкат барои бастани бахшҳояш дар иёлатҳои Огайо ва Мичиган мубориза бурда, исрор дорад, ки маоши кормандон боло бурда шавад. Ба гуфтаи иттифоқ, тайи солҳои охир даромади ширкат дар Амрикои Лотинӣ то ба сатҳи рекордӣ боло рафтааст.

XS
SM
MD
LG