Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирпарронии Янгиқaлъаро дар хоки Тоҷикистон шуниданд


Вилояти Тахори Афғонистон
Вилояти Тахори Афғонистон

Сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ва Фархори Тоҷикистон мегӯянд, як ҳафта боз садои тирпарронӣ аз Афғонистонро мешунаванд.

Тайи як ҳафтаи ахир дар 20 километрии дур аз марзи Тоҷикистон, дар ноҳияи Янгиқалъаи вилояти Тахор миёни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳи Толибон задухӯрд ҷараён дорад.

Шаби 13-уми сентябр вулусуволӣ ё ноҳияи Янгиқалъа дар марз бо Тоҷикистон дубора аз дасти гурӯҳи Толибон пас гирифта шуд.

Ин ноҳияи вилояти Тахори Афғонистон дар рӯ ба рӯи ноҳияи Фархори Тоҷикистон қарор дорад. Гурӯҳи Толибон онро рӯзи 9-уми сентябр тасарруф карда буданд.

Давлатмоҳ Ашурова, сокини деҳаи наздимарзии ноҳияи Фархор ба Радиои Озодӣ гуфт, як ҳафтаи охир пайваста аз он сӯи марз садои тирпарронӣ ба гӯш мерасид.

“Мо ба ин садоҳо одат кардем. Чанд вақт он тараф ором буд, лекин боз садои тир пайдо шуд”,--гуфт ӯ.

Абдухалил Асир, сухангуи пулиси вилояти Тахор дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз ду рӯзи амалиёт, шаби гузашта, ин ноҳия аз дасти Толибон пас гирифта шуд.

“Даргириҳо дар атрофи маркази улусволӣ давом дорад, вале марказ зери назорати нерӯҳои давлатӣ аст”,--гуфт ӯ.

Мардум дар Янгиқалъа мегӯянд, ки ин вулусуволӣ ба далели “камтаваҷҷуҳии масъулини давлатӣ ва нарасидани неруҳои кӯмак ба минтақа” ба дасти гуруҳи Толибон афтода буд.

Маҳмадҷаводи Ҳиҷрӣ, сухангуи волии Тахор мегӯяд, пас аз Янгиқалъа нерӯҳои давлатӣ ба озодсозии ноҳияи Дарқад сафарбар мешаванд.

Ноҳияи Дарқад низ дар марзи ноҳияи Ҳамадонӣ ва Фархори Тоҷикистон қарор дорад. Амалан, дар ин ноҳия Толибон марз бо Тоҷикистонро зери назорат доранд.

Панҷ сол боз ноҳияҳои ҳаммарз ба Тоҷикистон гоҳ ба дасти нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ва гоҳ ба дасти гурӯҳи Толибон меафтанд.

XS
SM
MD
LG