Дастгоҳи президенти Русия чанд мансабдореро, ки дар соли 2017 барои аз кишвар хориҷ шудани Олег Смоленков роҳ додаанд, ҷазо додааст.
Дар ин бораи "Интерфакс" бо такя ба манбаҳои худ хабар дод.
Матбуот Олег Смоленковро хабаррасони Идораи иктишофии Амрико номиданд. Ҳамсӯҳбатони "Интерфакс" тасдиқ кардаанд, ки ду сол пеш Олег Смоленков бо хонаводааш барои истироҳат ба Черногория рафт, бо вуҷуде, ки барои мансабдорони рус сафар ба он ҷо манъ аст. Сафар ба Черногория вақте мамнӯъ шуд, ки мақомоти он Русияро ба ташкили табаддулот айбдор карданд. Русия инро рад мекунад.
Бархе мансабдорон барои хунукназарӣ, ки боиси хориҷ шудани Смоленков аз Русия шудааст, аз мансаб барканор шудаанд.
Қаблан, матбуоти амрикоӣ хабар дод, ки Оҷонсии марказии истихборот (CIA) як ҷосуси баландпояи худро, ки дар бораи президенти Русия Владимир Путин, аз ҷумла, дар бораи мудохилаи Русия ба интихоботи президентии соли 2016-и ИМА маълумот медод, соли 2017 ба ИМА кӯч дода буд.
Нашрияи Times гузориш дод, ки ин шахс давоми даҳсолаҳо ба ИМА гузоришҳо дода, аз ҷумла ба оҷонсиҳои истихборотӣ кӯмак кардааст, ки ба хулосае биёянд, ки воқеан ҳам Путин ба хотири пирӯзии Трамп дар интихоботи президентӣ дар ҷараёни интихоботи соли 2016 мустақиман дахолат кардааст.
Times ҳам мегӯяд, ки ин шахс аз доираи афроди наздик ба Путин набуд, вале ба тамоми иттилоъ дар сатҳи баланд ва ҳам доираҳои тасмимгиранда дар Кремлин дастрасӣ дошт.
Дар иттилои расмии ҳукумати Русия гуфта шудааст, ки шахсе бо номи Олег Смоленков воқеан ҳам дар солҳои 2008 то 2010 дар маъмурияти Дмитрий Медведев кор кардааст. Медведев солҳои 2008 то 2012 раиси ҷумҳурии Русия буд. Дар гузоришҳои расмӣ гуфта шудааст, ки воқеан ҳам шахсе бо номи Олег Смоленков дар мақоми котиби дуюми сафорати Русия дар Вашингтон ҳам кор карда буд.