Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба барномаи Бозиҳои осиёӣ се намуди варзиш илова шуд


Дилшод Назаров, ғолиби секаратаи Бозиҳои осиёӣ
Дилшод Назаров, ғолиби секаратаи Бозиҳои осиёӣ

Ба барномаи Бозиҳои XIX тобистонаи осиёӣ, ки рӯзҳои 10-25-уми сентябри соли 2022 дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор мешавад, се намуди варзиш – каратэ, шӯхпаймоии варзишӣ ва бейсбол/софтбол - илова карда шуд.

Ба ин тартиб, теъдоди намудҳои варзиш ба 40 адад расид. Дар Бозиҳои осиёӣ барои аввалин бор варзишгарони кишварҳои Уқёнус низ ширкат хоҳанд кард.

Ин тасмим дар ҷаласаи дуюми кумитаи ҳамоҳангсози Шӯрои олимпии Осиё, ки 11-уми сентябр дар Ҳангжоуи Чин доир гардид, гирифта шуд.

Дар ин ҷаласа мудири кулли Шӯрои олимпии Осиё Ҳусайн Ал-Мусаллам гуфтааст, ки Бозиҳои тобистонаи осиёӣ-2022 дар Ҳангжоуи Чин дар сатҳи баланд хоҳад гузашт. “Бисёр намудҳои варзиш аз Осиё ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид шудааст, монанди тенниси рӯи миз, ҷудо ”, - иброз доштааст Ҳусайн Ал- Мусаллам.

Намудҳои варзише, ки ба барномаи Бозиҳои XIX тобистонаи осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дохил шудааст:

1. Аспсаворӣ
2. Бадминтон
3. Баскетбол
4. Бейсбол/Софтбол
5. Бозиҳои рӯи миз (шоҳмоти чинӣ, go, шоҳмот)
6. Бокс
7. Вазнабардорӣ
8. Варзиши сабук
9. Варзиши обӣ (шино дар оби озод, ватерпол, шинои ҳамзамон, ҷаҳиш ба об, шиноварӣ)
10. Велосипедронӣ (BMX, роҳи кӯҳӣ, шоҳроҳ, тасмароҳ)
11. Волейбол
12. Гимнастика (трамплин, гимнастикаи варзишӣ, гимнастикаи бадеӣ)
13. Голф
14. Гуштӣ
15. Заврақронӣ
16. Кабодда
17. Камонварӣ
18. Каноэ
19. Каратэ
20. Крикет
21. Кураш
22. Қайиқронӣ
23. Панҷҳарбаи муосир
24. Регби-7
25. Сепактакрав
26. Шамшербозӣ
27. Сеҳарба (Triathlon)
28. Сквош
29. Скейтбозӣ (скейти чархдор, скейтборд)
30. Таэквондо
31. Теннис
32. Тенниси рӯи миз
33. Тирандозӣ
34. Ушу
35. Футбол
36. Ҳандбол
37. Чавгонбозӣ
38. Ҷиу-ҷитсу
39. Ҷудо
40. Шӯхпаймоии варзишӣ

Ёдовар мешавем, дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки аз 18-уми август то 2-юми сентябри соли 2018 дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор шуд, варзишгарон барои 465 маҷмӯи медалҳо оид ба 40 намуди варзиш рақобат карданд.

Дар ин бозиҳо мунтахаби Чин дар ҳисоби умумидастаӣ бо касби 289 медал (132 тилло, 92 нуқра ва 65 биринҷӣ) мақоми аввалро касб намуд. Ҷопон бо касби 205 медал (75-56-74) дар мақоми дувум ва Кореяи Ҷанубӣ бо касби 177 медал (49-58-70) дар мақоми севум қарор гирифтанд.

Ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ бештар аз 100 касро ташкил медод, ки 81 нафарашон варзишгар буданд. Онҳо дар мусобиқот оид ба 16 намуд – бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, гуштии озод ва юнониву румӣ, камонварӣ, каратэ, кураш, қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ, самбо, таэквондо WT, тирандозӣ, ушу, футбол, ҷудо, ҷиу-ҷитсу ва шиноварӣ - ширкат варзида, се медали нуқра ва се медали биринҷӣ гирифтанд.

Се медали нуқраро ба мунтахаби Тоҷикистон Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ, Беҳрӯзи Хоҷазода дар намуди гуштии кураш дар вазни зери 81 кило ва Шаҳриёр Даминов дар рақобатҳои инфиродии қаиқронӣ дар каноэ ба масофаи 1000 метр миёни мардон оварданд.

Аз се медали биринҷӣ дутоашро Комроншоҳи Устопириён дар риштаҳои ҷудо ва самбо дар вазни зери 90 кило ва яктоашро Шакармамад Мирмамадов оид ба ҷудо дар вазни беш аз 100 кило соҳиб шуданд.

Бояд гуфт, ки Умед Ҳасанбеков, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар мусобиқаи самбо аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ медали нуқра гирифт. Вале баъдан паҳлавони тоҷик бо тасмими тасмими Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) барои истеъмоли допинг ё маводи дорувории барои варзишгарон мамнуъ ба муҳлати чаҳор сол - то 6-уми феврали соли 2023 – аз ҳаққи ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ маҳрум гашт.

Бар асоси Қоидаҳои зиддидопингии FIAS 12-уми сентябри соли гузашта ҳангоми ташхис дар бадани Умед Ҳасанбеков маводҳои мамнуъ - станозолол ва марбути метаболит (Stanozolol -- 3-hydroxystanazolol, 4- hydroxystanozolol, 16B-hydroxystanozolol) ёфт шудааст, ки Оҷонсии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) онҳоро ба "рӯйхати сиёҳ"-аш ворид кардааст.

Бинобар ин, бар асоси қоидаҳои байналмилалӣ Умед Ҳасанбеков аз Бозиҳои XVIII осиёӣ дар Индонезия хориҷ ва натиҷаҳои нишондодааш дар мусобиқаи самбо бекор карда шуд ва ӯ аз медали нуқра маҳрум гашт.

Натиҷаҳои ба даст овардаи варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XVIII осиёӣ дар Ҷакарта ва Палембанги Индонезия нисбат ба Бозиҳои XVII осиёӣ, ки соли 2014 дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуда буд, аз ҷиҳати сифати медалҳо пасттар аст.

Ҳарчанд шумораи медалҳои ба даст овардаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои охирин нисбат ба чаҳор соли пеш як адад зиёд аст, вале ин дафъа варзишгарони тоҷик медали тилло ба даст оварда натавонистанд.

Бинобар ин, мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XVIII осиёӣ нисбат ба Бозиҳои XVII осиёӣ дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо ҳафт зина поён шуд ва бо шаш медал (се нуқра ва се биринҷӣ) дар ҷойгоҳи 30-юм қарор гирифт.

Бояд гуфт, ки натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ аз соли 1994 то кунун ҷойи 23-юм дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG