Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масҷиди бузурги Душанберо моҳи октябр ифтитоҳ мекунанд


Бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ, ки бо пули давлати Қатар дар Душанбе бунёд шуд, дар оғози моҳи октябр ифтитоҳ мешавад.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд дари масҷид 5-уми октябр ва дар рӯзи таваллуди президент Эмомалӣ Раҳмон боз шавад.

Як манбаъ дар мақомоти умури дин рӯзи 12-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, сохтмони масҷиди марказии Душанбе ба анҷом расида, дар оғози моҳи октябр намозгузорӣ дар он шуруъ мешавад.

Абдуалим Норасов, масъули бахши дини шаҳри Душанбе, низ тасдиқ кард, ки масҷиди марказӣ дар оғози моҳи октябр ифтитоҳ мешавад. Аммо Норасов, аз суҳбат дар бораи рӯзи дақиқи боз шудани масҷид худдорӣ кард.

Бузургтарини масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз 4 манораи баландиашон 65-метрӣ, гумбази 47-метрӣ, толори бузург, толорҳои хурди намозгузорӣ, китобхона ва нишеману утоқҳои сершумор барои ҷаласаҳо иборат аст.

Дар ин масҷид то 150 ҳазор нафар метавонанд дар як вақт намоз гузоранд.

Хишти аввали сохтмони ин масҷидро Эмомалӣ Раҳмон соли 2009, дар рӯзҳои таҷлил аз 1310-солагии Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ гузошта ва моҳи октябри соли 2011 низ аз маҳалли сохтмон дидан карда буд.

Дар гузашта мақомот гуфта буданд, ки сармоягузори аслии тарҳ Қатар аст, ки танҳо барои сохтмони он 70 миллион доллар ҷудо кард. Тоҷикистон ҳам гуфт, барои бунёди ин масҷид 30 миллион доллар додааст. Дар ҷараёни сохтмони он чанд нафар маҷруҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG